Лавров: “Русия тақозои рафъи таҳримҳоро надорад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия бо таъкид бар инки мушкилоти бозори ғизои дунё натиҷаи таҳримҳои ғарбӣ аст ва худашон бояд онро ҳал кунанд, гуфт: "Русия хостори бардошта шудани таҳримҳо нест."

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия бо таъкид бар инки мушкилоти бозори ғизои дунё натиҷаи таҳримҳои ғарбӣ аст ва худашон бояд онро ҳал кунанд, гуфт: “Русия хостори бардошта шудани таҳримҳо нест.”

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт: “Маскав тақозои лағви таҳримҳоро надорад, аммо аз кишварҳои ғарбӣ мехоҳад мушкилотеро, ки барои бозори ҷаҳонии ғизо ба вуҷуд овардаанд, ҳал кунанд.”

Вай дар гуфтугӯ бо ҳамтои мисрии худ гуфт: “Мо тақозои лағви таҳримҳоро надорем. Таҳримҳо мушкилоте ҳастанд, ки бояд ҷудогона ба онҳо пардохта шавад. Мо дар ҳоли ҳозир иқтисоди худро бар пояи шарикони қобили эътмод месозем, на касоне, ки якбори дигар белаёқатии худро собит кардаанд. Дар мавриди мушкилоти бозори ғизоии дунё, ҳамкорони ғарбии мо бояд худашон монеаҳоеро, ки эҷод кардаанд бардоранд.”

Вай ишора кард, ки агар масъалаи озод кардани содироти Русия ҳал нашуда буд, Маскав бо қарордоди рӯзи ҷумъа дар мавриди озод кардани содироти ғаллоти Украина мувофиқат намекард. Русия дар ҳоли ҳозир рӯи қавли Созмони Милал барои кумак ба бардоштани маҳдудиятҳое, ки монеи содироти ғаллоти Русия мешавад, ҳисоб мекунад.

Лавров гуфт: “Таҳримҳои ғайриқонуние, ки вазъ шудааст, монеи содироти ғаллоти Русия мешавад, мушкилоти бима, қабул накардани киштиҳои русӣ дар бандарҳои хориҷӣ ва адами вуруди киштиҳои хориҷӣ ба бандарҳои русӣ.”

Вазири умури хориҷаи Русия ахиран ғарбро ба сукут дар мавриди таъсири таҳримҳои эъмолшуда бар содироти Русия муттаҳам кард.

Вай дар як конфронси хабарӣ дар моҳи гузашта гуфт: “Содироти ғаллоти Русия бо мушкил рубарӯ шудааст. Бо вуҷуди инки ғарб эълом кардааст, ки ғаллаҳо шомили таҳримҳо намешавад, аммо дар мавриди таҳрим будани киштиҳое, ки ғаллоти Русияро ҳамл мекунанд, сокит мондааст. Ин киштиҳо дар бандарҳои аврупоӣ пазируфта намешванд, бима нестанд ва ба илова, тамоми масоили молӣ ва луҷестикии марбут ба арзаи ғаллот ба бозорҳои ҷаҳонии таҳти таҳрим ҳамкорони ғарбии мо қарор доранд.”

Намояндагоне аз Украина, Русия, Созмони Милал ва Туркия қарордоде дар рӯзи ҷумъа барои озод шудани содироти ғаллот, маводи ғизоӣ ва нуриҳои химиёвӣ аз бандарҳои Украина имзо карданд.

Илова бар ин, Русия ва Созмони Милал тафоҳумнома имзо карданд барои мудохилаи Созмони Милал ҷиҳати бардошта шудани таҳрими содироти ғаллот ва нуриҳои химиёвии Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад