Даргирии Толибон ва ДИИШ / захмӣ шудани беш аз 20 ғайри низомӣ

Масъулони маҳаллии Бағлон дар Афғонистон аз оғози амалиёти Толибон алайҳи ДИИШ дар шаҳри Пули Хамрӣ хабар медиҳанд. Манобеи мардумӣ мегӯяанд, ки дар натиҷаи даргирии ду тараф беш аз 20 ғайри низомӣ захмӣ шуданд.

Масъулони маҳаллии Бағлон дар Афғонистон аз оғози амалиёти Толибон алайҳи ДИИШ дар шаҳри Пули Хамрӣ хабар медиҳанд. Манобеи мардумӣ мегӯяанд, ки дар натиҷаи даргирии ду тараф беш аз 20 ғайри низомӣ захмӣ шуданд.

Ба гузориши манобеи хабарии афғон, Асадуллоҳ Мустафо Ҳошимӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги Бағлон ба хабаргузории “АВА” гуфт: дар ҳоли ҳозр амалиёти поксозии маҳалли террористҳо дар ҷодддаи ҳоҷи Ҳабиби шаҳри Пули Хамрӣ идома дорад ва ба зудӣ хотима меёбад.

Вай дар мавриди ин амалиёт ҷузъиёти бештаре ироа накард ва гуфт, ки гузориши комилро дар оянда эълом хоҳад кард.

Аммо, манобеи мардумии Бағлон ба АВА гуфтанд, ки зӯҳри дирӯз (шанбе) афроди вобаста ба ДИИШ аз як сохтумоне дар пушти мақарри фармондеҳии полиси Бағлон ба неруҳои Толибон шиллик карданд ва пас аз он даргириҳо миёни ду тараф оғоз шуд ва дар натиҷаи он шуморе аз ғайри низомийн захмӣ ва маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, афроди вобаста ба ДИИШ аз ду моҳи пеш сохтумонеро дар пушти мақарри фармондеҳии амнияти Бағлон дар шаҳри Пули Хамрӣ кироя карда буданд ва дар онҷо фаъолият доштанд.

Ин манобеъ таъкид мекунанд, ки минтақаи даргирӣ аз сӯи низомёни Толибон муҳосира шуда ва гуфта мешавад афроди ДИИШ аз пой даромадаанд.

Манобеъ изофа карданд, ки минтақаи даргирӣ дар миёни манозили маскунӣ буда лизо бар асари даргирии шадид беш аз 20 ғайринизомӣ захмӣ шуда ва ба марокизи дармонии вилояти Пули Хамрӣ интиқол ёфтаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад