Густариши нуфузи ДИИШ ва хатари бесуботии Афғонистон

Толибон, ки қаблан вуҷуди ДИИШ дар Афғонистонро инкор мекард ҳоло аз даргирӣ бо ДИИШ ва куштани ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар Қундуз, Саманагон ва Кобул хабар медиҳад.

Толибон, ки қаблан вуҷуди ДИИШ дар Афғонистонро инкор мекард ҳоло аз даргирӣ бо ДИИШ ва куштани ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар Қундуз, Саманагон ва Кобул хабар медиҳад.

Бо гузашти наздик ба яксол аз тасаллути муҷаддади Толибон бар Афғонистон мутаассифона субот ва амният дар Афғонистон барқарор нашуда ва ҳанӯз ҳам ҷангҳои пароканда ва дар гӯшаву канори кишвар ба вижа дар вилоятҳои Панҷшир, Бағлон ва Тахор дар ҷараён аст.

Аз тарафи дигар Амрико ва қудратҳои ғарбӣ, ки бо хуруҷ аз Афғонистон ба ҳузури 20-солаи низомии худ поён дод, аммо ҳамчунон дар пайи нуфуз дар Афғонистон аст аз ин рӯ дар тақвият гурӯҳҳои нёбатии худ барои афзоиши ноамнӣ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ба вижа вилоятҳои шимолӣ аст, то заминаи тақвият ва сарбозгирии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористиро дар ин манотиқ фароҳам созад ва дар сурати лузум ба эҷоди пойгоҳҳои доимӣ барои ин гурӯҳҳо дар ин минтақаҳо иқдом намояд.

Ба наздикӣ Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон низ ба нақши тахрибкунандаи Амрико дар афзоиши бесуботӣ ва густариши рӯзафзӯни ДИИШ ишора намуда ва гуфтааст: “нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба буҳрони ҳамсояи худ, нигоҳи мардумӣ ва ҳакимона аст ва мӯътақидем истифода аз ҳамаи зарфиятҳои мардумии Афғонистон барои ташкили давлати фарогир, роҳи хуруҷи ин кишвар аз вазъияти феълӣ аст аст.”

Ҳасани Козимии Қумӣ, ки дар остонаи иҷлоси байналмилалӣ ва минтақавии Тошканд бо мавзӯи Афғонистон, ба Исломобод сафар кардааст, рӯзи гузашта баъд аз мулоқот бо бархе мақомоти олии Покистон, дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфт: “дар остонаи яксолагии фирори тарроҳишуда ва ғайримасъулонаи Амрико аз Афғонистон ҳастем ва вақте тайи ин муддат таҳаввулоти кишвари ҳамсояро дунбол мекунем, мутаассифона ба нақши мухарриби он кишвар дар саҳнаи дохилии Афғонистон ба вижа дар парвандаи амниятӣ ва фишор ва таҳрим алайҳи мардуми бепаноҳи ин кишвар пай мебарем.”

Вай бо ибрози нигаронӣ дар бораи густариши терроризм дар Афғонистон изҳор дошт: “дар тӯли як соли ахир ДИИШ дар дохили Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофиёӣ, сохтор ва созмондеҳӣ, густариш ёфта ва дар муқобил, талоши Амрико низ ин аст, ки шароитеро ба вуҷуд овард, то Афғонистон ба самти суботу амният наравад.”

Козимии Қумӣ гуфт: “сиёсати Эрон нисбат ба Афғонистон, мутобиқ бо фармоишҳои раҳбари муаззами инқилоби Эрон, бар пояи нигоҳи мардумӣ аст. Бар асоси фармоиш ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, давлатҳо меоянду мераванд ва ин мардум аст, ки мемонад, лизо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо чунин нигоҳи ҳакимона, сиёсати худро бар таомул бо ҳокимони Толибон қарор дод ва далели он низ, кумак ба амният, субот ва беҳбуди иқтисодии Афғонистон аст дар ғайри ин сурат бадшавии авзоъ боиси густариши ноамнӣ, терроризм ва ҳаҷми оворагон хоҳад шуд.”

Толибон, ки қаблан вуҷуди ДИИШ дар Афғонистонро инкор мекард, ҳоло аз даргирӣ бо ДИИШ ва куштани ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар Қундуз, Саманагон ва Кобул хабар медиҳад ва то кунун чандин бор хабари даргирӣ бо ДИИШ-ро дар Қундуз, Саманагон ва… таъйид ва ба нашр расондааст.

Ин масъала нишон медиҳад, ки хатари густариши ДИИШ ҷиддӣ аст ва набояд онро дастикам гирифт, бахусус инки ҳам аз лиҳози мазҳабӣ ва иҷтимоӣ ва ҳам ба далели бекорӣ ва фақр заминаи густариши нуфуз ва сарбозгирӣ барои ин гурӯҳ фароҳам аст.

Аз ин рӯ қабл аз инки бештар аз ин, авзоъ рӯ ба бадшавӣ гузашта ва кишварро ба сӯи бесуботӣ ва ноамнӣ бибарад, бояд замина барои оштии миллӣ ва ташкили ҳукумати ҳамашумул бо мушорикати ҳамаи ақвом ва ақшори кишвар иқдом гардад ва дар қадами аввал як давлати интиқолӣ барои тадвини қонуни асосӣ ва баргузории интихобот ташкил шавад.

Масъалаи дигар авлавиятбандии масоил ва мушкилоти кишвар аст ва масоили муҳиммтар ва сарнавиштсоз, яъне оштии миллӣ ва барқарори сулҳи доимӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, расидагӣ ба мушкилоти маишатӣ ва иқтисодии мардум ва муқобила бо фақр ва бекорӣ дар авлавияти Толибон бошад. Дар ҳоле ки айни замон тамоми таваҷҷуҳ ва тамаркузи Толибон ба ҷанг дар Панҷшер ва Андароб ва риш, мӯй ва навъи пӯшиши мардон ва ҳамчунин ҳиҷоби занон ва маҳсур кардани онҳо дар хонаҳо маътуф шудааст.

Ин масоил боис шудааст, ки ҳам сулҳ ва оштӣ аз авлавият хориҷ шавад ва ҳам ба хатари густариши ДИИШ таваҷҷуҳи ҷиддӣ сурат нагирад, ки дар сурати тадовум ин вазъ, метавонад паёмадҳои ногувореро барои амният ва суботи кишвар бар ҷой бигузорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад