Паймони пулии дуҷонибаи Эрон ва Русия; огозе бар поёни султаи доллар

Бонки марказии Эрон тасмим дорад тиҷоратро ба самти арзҳои миллӣ ҳаракат диҳад ва бо ҳазфи тадриҷии доллар риски арзиро барои фаъолони иқтисодӣ ва системаи бонкии кишвараш ба ҳадди ақал бирасонад.

Бонки марказии Эрон тасмим дорад тиҷоратро ба самти арзҳои миллӣ ҳаракат диҳад ва бо ҳазфи тадриҷии доллар риски арзиро барои фаъолони иқтисодӣ ва системаи бонкии кишвараш ба ҳадди ақал бирасонад.

Рӯзи гузашта Теҳрон, пойтахти Эрон мизбони ҳафтумин иҷлоси сарони кишварҳои зомини раванди Остона буд, дар дидори Путин бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ нуктаи қобили таваҷҷӯҳ таъкид ба паймонҳои пулии дуҷониба ва ҳазфи доллар дар системаи муомилоти хориҷии ду кишвар буд, ҳамзмон бо дидори иҷлоси сарони кишварҳои зомини раванди Остона, намоди муомилотии риёл-рубл дар бозори муташаккили арзӣ гушоиш ёфт.

Расми ҷаҳонӣ аст, ки бонкҳои марказӣ ва усулан бонкҳо талош мекунанд сабаде аз арзҳои мухталиф ташкил диҳанд ва арзҳои ҷаҳонро бо таваҷҷӯҳи арзиш ва мизони риски онҳо метавонанд саҳме дар ин сабад дошта бошанд. Бо ин тафосир ва бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва вижагиҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтсодии кишвар бадеҳӣ буд бонки марказӣ дар ҷиҳате ҳаракат кунад, ки қудрати табдили арзиро афзоиш диҳад ва ҷараёни босуботи воридоти коло ва хадамотро барои кишвар ба вуҷуд овард. Ба ин манзур ҳам бояд ба самти арзҳои миллӣ ҳаракат мекард; ҳаракате, ки аз сӯи бонки марказӣ анҷом гирифт, ки дар натиҷа аз соли 1392 паймонҳои пулӣ оғоз шуда ва музокироте бо 20 кишвари ҷаҳон токунун сурат гирифтааст, ки дар мавориде ба имзои тафоҳумнома анҷомида ва аз миёни ин тафоҳумномаҳо ҳам саранҷом ду қарордод бо кишварҳои Туркия ва Покистон ба имзо расид. Зимни онки намунаи амалии онро дирӯз дар гушоиши намоди муомилоти риёл-рубл дар бозори муташаккили арзӣ шоҳид ҳастем.

Албатта бояд ба ин нукта ҳам ишора кард, ки ҳар кишваре дар бахши паймонҳои пулӣ ва барои истифода аз арзҳои миллӣ барои воридот ва содироти коло, хадамот ва сармоягузорӣ метавонад аз улгуҳои мухталифе баҳра барад, ки яке аз онҳо қарордодҳои дуҷониба аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад