1.4 миллиард доллар мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва аъзои Ҳамсуд дар 5 моҳ

 Тайи 5 моҳи соли ҷорӣ мубодилаи тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (Ҳамсуд) дар муқоиса бо давраи мушобеҳи як соли гузашта 27.2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тайи 5 моҳи соли ҷорӣ мубодилаи тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (Ҳамсуд) дар муқоиса бо давраи мушобеҳи як соли гузашта 27.2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тайи 5 моҳи соли ҷорӣ мубодилаи тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ ба 1.4 миллиард доллар расид, ки ҳикоят аз афзоиши 27.2 дарсадӣ (1.1 миллиард доллар) дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта аст.

Тибқи эъломи Гумруки Тоҷикистон, тайи ин муддат Тоҷикистон ба кишварҳои муштаракулманофеъ ба мизони 332.9 миллион доллар коло содир кардааст, ки нисбат ба 5 моҳи аввали соли гузашта 74.3 дарсад (190.9 миллион доллар) бештар шудааст.

Воридоти Тоҷикистон аз кишварҳои муштаракулманофеъ 1.1 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-майи соли 2021 ҳудуди 183 миллион доллар (19.8 дарсад) бештар аст.

Тайи ин муддат Русия, Қазоқистон ва Узбакистон аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Шоёни зикр аст, ки дар 5 моҳи соли 2022 гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 2.9 миллиард доллар расид, ки нисбат ба давраи мушобеҳи як соли гузашта нишондиҳандаи рушди 20.8 дарсадӣ (500 миллион доллар) аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад