Далоили аҳамияти сафари Байден барои Арабистони Саудӣ

Байден дар шароите сафар ба минтақаи Ғарби Осиёро аз 13 июл оғоз мекунад ва рӯзи 16 июл низ дар Арабистон хотима медиҳад, ки дар якуним соли гузашта равобити Вашингтон ва Риёз шоҳиди тағйири густардае дар муқоиса бо қабл аз он буд. Арабистон, ки дар давраи Доналд Трамп аз озодии амали густардае дар сиёсати дохиливу хориҷии худ бархӯрдор шуда буд, дар давраи раёсати ҷумҳурии Байден бо интиқоди ошкори вай мувоҷеҳ шуд.

Меҳварҳои интиқодҳо ҳам масоили ҳуқуқи башарӣ ва нақзи фоҳишу густардаи ҳуқуқи башар тавассути Арабистон ва бо нақшофаринии Муҳаммад бин Салмон буд. Бо ин ҳол, бо оғози соли 2022 ба тадриҷ лаҳни Байден дар қиболи Арабистон ва ҳатто Бин Салмон тағйир кардаву хабаре аз интиқодҳои тунди гузашта нест. Ҷанги Русия алайҳи Украина омили аслии тағйири лаҳни Байден дар қиболи Риёз аст. Ҷанги Украина сабаби афзоиши қимати ҷаҳонии нафт шуд.

То кунун Арабистони Саудӣ дар муқобили тақозои Ғарб барои афзоиши тавлиди нафт муқовимат кардааст, аммо тағйири лаҳни Байден нишон медиҳад, ки Риёз тавонистааст бори дигар аз абзори нафт дар сиёсати хориҷии худ ҳатто дар қиболи робита бо Амрико баҳра гирад. Агарчӣ давлати Байден исрор дорад, ки нафт меҳвари сафари ӯ нест ва раиси ҷумҳурии Амрико 12 июн гуфта буд: «Ин сафар дарбаргирандаи масоили бисёр бузургтаре аст», аммо ба назар мерасад нафт омили аслии сафари Байден ба Арабистон аст.

Мавзуи муҳим ин аст, ки барои Арабистони Саудӣ сафари раиси ҷумҳурии Амрико аҳамияти зиёде дорад. Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ барои расидан ба курсии подшоҳии ин кишвар ба ҳимояти Вашингтон ниёз дорад. Асосан расидан ба раъси қудрату бақои ҳокимон дар қудрат дар кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, ба ҳимояти давлати Амрико ниёзманд аст. Ба ҳамин далел низ Бин Салмон, ки дар давраи Трамп фосилаи чандоне бо курсии подшоҳии саудӣ надошт, пас аз ба қудрат расидани Байден, мавқеияти худро дар хатар дид, зеро давлати Байден ҳимоят аз руқабои Бин Салмонро дар дастури кор дошт. Бинобар ин, сафари Байден ба Арабистон ва дидори вай бо Муҳаммад бин Салмон ба маънои поёни фишорҳо алайҳи валиаҳди саудӣ аст.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки сафари Байден ба Арабистон бо вуҷуди интиқодҳои зиёде, ки пеш аз ин дошт, нишон медиҳад Риёз ҷойгоҳи муҳиме дар таҳаввулоти Ғарби Осиё дорад ва ҳамчунин аз ҷойгоҳи муҳиме дар сиёсати хориҷии қудратҳои бузург бархӯрдор аст. Ин баҳрабардории Арабистон аз сафари Ҷо Байден аст.

Дар ҳамин росто дар таҳлиле, ки «Форен эфферз» мунташир карда, навиштааст: «Замоне, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико давраи раёсати ҷумҳурии худро оғоз кард, ба тағйири одати Трамп, раисҷумҳури қаблӣ дар бархӯрди самимӣ бо диктаторҳо, аз ҷумла Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ, ки раҳбари воқеии Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меояд, бисёр мусаммам буд. Бо ин ҳол, беш аз як сол баъд, ба назар мерасад, ки раиси ҷумҳурии Амрико қасд дорад дар аввалин сафари ховаримиёнаии давраи раёсати ҷумҳурии худ ба Арабистони Саудӣ сафар кунад. Ин мавзуъ барои касоне, ки Байденро як қаҳрамони ҳуқуқи башар талаққӣ мекарданд, ноумедии бузург аст. Подош ба Муҳаммад бин Салмон бо даст додану аксбардорӣ дар замини чамани валиаҳд ба манзалаи эътироф ба ин мавзуъ аст, ки мустабидон метавонанд бо қатл, мухолифони худро то замоене ки ҷараёни нафтро ба даст доранд, канор бигузоранд».

Нуктаи поёнӣ ин ки агар сафари Байден ба Арабистон аҳдофи вайро ба хусус дар ҳавзаи энержӣ таъмин накунад, шикасти муҳими дигаре дар ҳавзаи сиёсати хориҷии вай рақам хоҳад хӯрд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад