Украина равобити худ бо Кореяи Шимолиро қатъ кард

Украина имрӯз аз қатъи равобити худ бо Кореяи Шимолӣ дар пайи ба расмият шинохтани истиқлоли Донетск аз сӯи Пхенян хабар дод.

 

Украина имрӯз аз қатъи равобити худ бо Кореяи Шимолӣ дар пайи ба расмият шинохтани истиқлоли Донетск аз сӯи Пхенян хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутаник”, Украина имрӯз чаҳоршанбе эълом кард, ки равобити худ бо Кореяи Шимолиро қатъ карда аст.

Қатъи равобити фимобин миёни ду кишвар дар вокуниш ба иқдоми Пхенян дар ба расмият шинохтани истиқлол Донетск рӯй дод.

Раиси ҷумҳури Донетск соате пеш аз ба расмият шинохтани ин минтақа аз сӯи Кореяи Шимолӣ хабар дод.

“Денис Пушилин”, раиси ҷумҳури Донетск, бо истифода аз таъбири пирӯзии дипломатик эълом кард, ки Кореяи Шимолӣ имрӯз истиқлоли онро ба расмият шинохта аст.

Раиси ҷумҳури Донетск дар канали телеграмии худ дар ин хусус навишт: ҷумҳурии демократики халқи кура имрӯз ҷумҳурии халқи Донетскро ба расмият шинохт. Ҷумҳури халқи Донетск ва давлати он ҳамчунон рӯ ба рушд аст. Ин пирӯзии дигар барои дипломасии мо аст.

Денис Пушилин, дар ин паём таъкид кард, ки тасмими Кореяи Шимолӣ мабнои дар ҷиҳати тавсеаи бештари равобит дар ҳавзаи иқтисодии ду тараф хоҳад шуд ва ҷуғрофияи тиҷориро барои ширкатҳо тавсеа медиҳад.

Раиси ҷумҳури Донетск зимн ибрози умедворӣ барои ҳамкории фаъол ва мусмири самар бо Пхенян, аз мардуми Кореяи Шимолӣ ба далели ҳимояти қобили таваҷҷӯҳ аз сокинони Донбасс қадрдони карда буд.

Дар моҳи феврал “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия, бо имзои аҳкоме истиқлоли Донбассро ба расмият шинохт ва амалиёти низомии вижаи ин кишвар дар Украина ба думболи он калид хӯрд. Донетск ва Луганск дар апрели соли 2014 истиқлоли худро аз Украинаро эълом карданд ва аз он замон бо давлати марказии Киев бар сари ин мавзӯъ муноқиша доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад