Тавофуқи Тоҷикистон ва ИА бораи сармоягузори дар Роғун

Мақомоти Тоҷикистон гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғунро тасдиқ карданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғунро тасдиқ карданд.

Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишастии хабарии имрӯзаи ин ниҳод дар Душанбе гуфт гуфтушунид бо ИА идома дорад.

Дар ҳамин ҳол Шоимзода гуфт шанӯз дар бораи ҳаҷми ин маблағи ҳарф задан барвақт аст, зеро гуфтушунид нашудааст.

Ба гуфтаи муовини аввали вазир зикр кард, ки дар қатори Иттиҳоди Аврупо бо дигар кишвару созмонҳои мададрасони молиявии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ низ гуфтушунид ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон яке аз мушкилоти ҷалби маблағ ва сармоягузоро мушаххас набудани бозори фурӯши барқи неругоҳи Роғун мебошад.

Аммо муовини вазир мегӯяд Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Қазоқистон дар бораи интиқоли барқ аз неругоҳи Роғун ёёдоштҳо ба имзо расонид, ки ба ҷалби маблағҳои мадарасонон дар ин самт таъсири мусбат хоҳад расонид.

Пештар ар хабарҳо омада буд :

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад барои идомаи сохти неругоҳи Роғун аз сармояи ниҳодҳои моллии байналмилллалӣ ва минтақвӣ истифода кунад.

Ин мавзуъ ахиран дар дидори Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Иброҳим Шакари, мудири дафтари минтақавии Бонки Рушди Исломӣ мавриди барраси қарор гирифт.

Қаблан Шонӣ Компбел, намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки ин ниҳод ба сохти ин неругоҳ таваҷуҳ дорад, аммо чанд мавзуъи муҳим вуҷуд дорад, ки бояд Тоҷикистон ба ин пурсишҳо посух диҳад ҳарчанд, ки Бонки Рушди Осиё омода аст, ки барои фуруши бақри тавлидшуда дар ин неругоҳ ба Тоҷикистон кумак кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз будҷети давлат барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ хабар дода буд.

Аз соли 2008 то кунун барои идомаи сохти ин неругоҳ 37 миллиарду 700 миллион сомонӣ манобеъи моллӣ харҷ шуда аст.

Неругоҳи Роғун бо шаш турбин ва сади хокии 335 метри ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад