Музокироти эҳтимолии Аҳмад Масъуд бо Толибон дар Душанбе

Расонаҳои хабарӣ бо истинод ба манобеи худ эълом кардаанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбари Аҳмад Масъуд қасд дорад конфронсе бо Толибон дар шаҳри Душанбе баргузор кунад.

Расонаҳои хабарӣ бо истинод ба манобеи худ эълом кардаанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбари Аҳмад Масъуд қасд дорад конфронсе бо Толибон дар шаҳри Душанбе баргузор кунад.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қасд дорад конфронсеро бо Толибон дар шаҳри Душанбе барпо кунад. Бар асоси ин гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир таърихи баргузории ин конфронс мушаххас нашудааст, аммо қарор аст намояндагони аҳзоби сиёсӣ, равшанфикрон, шахсиятҳои умумӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар барои мушорикат дар он, даъват шаванд.

Ҳадафи ин конфронс ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони кунунӣ ва эҷоди як ҳукумати фарогир бо мушорикати ҳамаи неруҳои сиёсӣ дар Афғонистон дониста шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар мавриди баргузории чунин конфронс иттилооте дар ихтиёр надоранд, зеро на намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва на ниҳодҳои расмт дар ин бора ба онҳо иттилоъ надодаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба навбати худ дар ин маврид гуфт, ки наметавонанд ин иттилоотро таъйид ё рад кунанд. Бо ин ҳол ниҳоди дипломатики Тоҷикистон бо худдорӣ аз ироаи ҷузъиёти бештар таъйид карда, ки баррасии ин мавзӯъ дар ҳоли анҷом аст.

Душанбе аз дербоз ба унвони маҳалли музокироти тарафҳои даргир дар Афғонистон барои ошти дониста мешуд. Ин мавзӯъ барои аввалин бор дар сентябри соли гузашта байни Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Имрон Хон, нахуствазири Покистон баррасӣ шуд.

Ҳар ду кишвар дар мавриди ҳамкорӣ барои баргузории музокирот байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар Душанбе тавофуқ карданд, аммо токунун чунин дидоре дар шаҳри Душанбе шакл нагирифтааст.

Зимнан, иттилооти марбут ба дидори Аҳмад Масъуд ва Толибон дар Тоҷикистон пас аз сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Душанбе дар таърихи 28-уми июн нашр мешаванд.

Бинобар бархе гузоришҳо, раисҷумҳури Русия дар Душанбе бо Аҳмад масъуд дидор кардааст ва дидгоҳи вайро дар мавриди вазъият дар Афғонистон ҷӯё шудааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки давлати Толибон дар сентябри соли гузашта дар Афғонистон ба қудрат расида ва ба таври умда аз аъзои ин ҷунбиш ва паштунҳо ташкил шуда ва токунун ба далели адами ҳузури тамомии гурӯҳҳои қавмӣ ва аҳзоби сиёсӣ дар он токунун аз сӯи аксари кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад