Афзоиши 30 баробарии теъдоди расонаҳо дар Узбекистон

 Раисҷумҳури Узбакистон гуфт: "теъдод расонаҳои гурӯҳии ин кишвар нисбат ба соли 2016 тақрибан 30 баробар афзоиш ёфта ва имрӯз ба 1962 расидааст."

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар ҷамъи кормандони матбуот ва расонаҳои гурӯҳии ин кишвар изҳор дошт: «теъдоди расонаҳои гурӯҳӣ дар кишвар нисбат ба соли 2016 тақрибан 30 баробар афзоиш ёфта ва имрӯз ба 1962 расона расидааст».

Вай гуфт: «дар солҳои ахир дар ин кишвар барои табдили расонаҳои гурӯҳӣ ба як пули қобили эътимод барои гуфтугӯ бо мардум, тавсеаи хадамоти иттилоърасонӣ, рақобати солим миёни расонаҳои гурӯҳӣ, таҳкими пояи моддӣ ва фаннии онҳо ва ташвиқи кормандон барои талоши бештар иқдомоти густурдае анҷом шудааст.»

Мирзиёев идома дод: «ба хусус расонаҳои хусусӣ дар зиндагии мо аз ҷойгоҳи муҳимме бархурдор ҳастанд. Онҳо дар таъмини касратгароии афкор дар ҷомеа як омили муҳим ҳастанд ва барои иҷрои ислоҳоти асосӣ, пӯшиши ҷасуронаи норасоиҳо ва мушкилот кумак мекунанд.»

Раисҷумҳури Узбекистон изҳор дошт: «лозим ба зикр аст, ки бо ҳадафи ҳамгароии телевизион ва шабакаҳои интернит платформи интернити муосир ва барномаи Android эҷод шудааст. Дар фазои миллии иттилоърасонӣ теъдод нашрияҳои интернитӣ тайи 6 соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфта ва ба 677 расидааст.

Вай илова кард: дар натиҷа ин созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ манобеи иттилоърасонии бештареро ба даст оварданд, фурсатҳои фаровоне барои гуфтугӯи мустақим бо мардум, пӯшиши сареъи мушкилоти онҳо, изҳори назарҳои ошкор, айнӣ ва интиқодӣ дар расонаҳо дар бораи мавзӯоти мухталиф эҷод мешавад.

Мирзиёев афзуд: яке дигар аз вазоифи авлавиятдор, эҷоди имконоти муносиб барои шаҳрвандонамон дар заминаи иттилоърасонӣ, афзоиши нақш ва нуфузи расонаҳои гурӯҳӣ дар анҷоми контроли умумӣ ба фаъолияти созмонҳои давлатӣ ва мудирият аст.

Раисҷумҳури Узбекистон ёдоварӣ кард: дар ин замина як бори дигар таъкид мекунам, ки мо кишвари демократик месозем, озодии баён ва матбуоти ҳамеша таҳти ҳимояти Сарқонун, қонунҳо ва раисҷумҳури кишвар қарор хоҳад гирифт.

Мирзиёев дар поён таъкид кард: ҷилавгирӣ аз анҷоми озодона фаъолияти қонунии кормандони расонаҳои гурӯҳӣ бояд ба унвони мухолифат бо ислоҳоти демократик ва осеб задан ба эътибори кишвар талаққӣ шавад. Мақомоти додгоҳ ва додситониҳо бо ингуна мавориди манфӣ ба таври қотеона бархурд кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад