Русия шаҳри “Северодонетск”-ро тасарруф кард

Манобеъи хабарӣ гузориш додаанд шаҳри "Северодонетск" дар устони "Луганск", дар Украина ба тасарруфи артиши Русия даромада аст.

 

 

Манобеъи хабарӣ гузориш додаанд шаҳри Северодонетск дар устони Лугански Украина ба тасарруфи артиши Русия даромада аст.

Расонаҳои бинолмллӣ ба нақл аз фармондеҳи низомии шаҳри Северодонетск дар шарқи Украина суқути комили ин шаҳр ва тасарруфи он ба дасти неруҳои русро таъйид кардаанд.

Ба навиштаи вебгоҳи шабакаи хабарии “CNN”, ин шаҳр пас аз моҳҳо даргирии хунин ва тоқатфирсо инак комилан таҳти тасарруфи Русия аст. Мақомоти низомии минтақа рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки ба охирин низомён дар ин шаҳр дастур хуруҷ дода шуда буд, зеро идомаи дифоъ аз мавозеъ ғайри мумкин шуда буд.

Ин амр амалан шаҳрро ба Русия вогузар кард ва минтақаи шарқи Луганскро тақрибан ба таври комил таҳти кантроли Русия қарор дод. Северодонетск, яке аз охирин сангарҳои аслии Украина дар ин минтақа буд.

Яке аз фармондаҳони аршади низоми дар шарқи Украина, гуфт, ки артиш тасмим ба тахлия гирифт, зеро мумкин буд шумори кушташудагон дар манотиқ ғайриқобили истеҳком ҳар рӯз афзоиш ёбад.

Бархе манобеъи расонаӣ низ гузориш карданд, ки неруҳои Русия токунун 100 нафарро дар ин шаҳр асир гирифтаанд.

Русия чанд моҳи қабл дастури амалиёти низоми дар Украинаро содир кард. Ин таҳаввул чанд рӯз баъд аз он рух дод, ки Маскав расман истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳадаф аз амалиёти низомии кишварашро «ғайринизоми кардани Украина» ва «нозизудоӣ» ин кишвар эълом карда аст. Русия ҳамчунин эълом карда Украина ба тааҳҳудоташ зайли тавофуқоти Минск, ки дар солҳои 2014 ва 2015 барои ҳали муноқишаҳои мавҷуд миёни ҷудоииталабон ва Киев ҳосил шуда буд амал накарда аст.

Кишварҳои ғарбӣ, ба хусус Амрико ва Англис аз оғози даргириҳо дар Украина таслиҳоти густурдае аз ҷумла мушакҳои замин ба ҳаво ва мушакҳои зидди танк барои Украина ирсол кардаанд. Русия борҳо ҳушдор дода чунин иқдомоте ба оташи даргириҳо доман мезанад ва дар ниҳоят гиребонгари Аврупо хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад