Ҷанг дар Панҷшер; 12 ҷангӯи Толибон кушта шуданд

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер мегӯянд, ки неруҳои Толибон пас аз кушта шудани 12 ҷангҷӯи ин гуруҳ дар даргирӣ бо неруҳои Ҷабҳаи муқовимат, се узви ин ҷабҳаро аввал асир ва сипас ба қатл расондаанд.

Неруҳои Толибон ду нафар аз аъзои Ҷабҳаи муқовиматро тирборон карда ва яке дигарро сар буридаанд.

Ба гуфтаи манобеъ, рӯзи панҷшанбеи гузашта миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар дараи Карвошии вилояти Панҷшер даргирӣ сурат гирифтааст.

Бар асоси гузоришҳо дар ҷараёни ин даргирӣ 12 ҷангҷӯи толиб кушта ва се неруи Ҷабҳаи муқовимат ба даст Толибоон асир шуданд.

Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Вилояти Панҷшер муддатҳо аст, ки шоҳиди даргирӣ миёни неруҳои Толибон ва аъзои Ҷабҳаи Муқовимат ба раҳбарии Аҳамад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад