Ҳадафи Русия, тасарруфи комили Луганск ва Донетск аст

Вазорати дифоъи Англис бо ишора ба тадовуми ҳамалоти мушакии дурбурди Русия ба зерсохтҳои саросари Украина, гуфт шаҳри Севродонтск дар остонаи тасарруф тавассути русҳо қарор дорад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, баъд аз кантроли Русия бар шаҳри роҳбурдии “Лиман” дар шимоли устони Донетск, Ландан аз тамаркузи амалиёти заминии русҳо барои тасарруфи шаҳр “Севродонтск”, хабар дод.

Рукни иттилооти артиши Англис имрӯз (чаҳоршанбе) гуфт: «амалиёти заминии Русия ба шиддат мутамаркиз шуда ва бештари ҳаҷми оташ дар бахши кӯчаке аз устони Луганск тамаркуз дорад. Тайи рӯзҳои 30 то 31 май, даргириҳо дар хиёбонҳои Севродонтск шиддат гирифта ва неруҳои русӣ ба марказт шаҳр наздиктар шуданд».

Ба навиштаи вебгоҳи ин созмон, дар ин баёния иддао шуда аст: «беш аз ними аз шаҳр ба эҳтимоли зиёд акнун тавассути неруҳои русӣ аз ҷумла ҷангҷуёни чиченӣ ишғол шуда аст. Фаротар аз Донбасс, Русия ба ҳамалоти мушакии дурбурд алайҳи зерсохтҳо дар саросари Украина идома медиҳад».

Вазорати дифоъи Англис идома дод: «пули муҳим ва стратегӣ, ки Украинаро ба Руминия ва банодири худ дар руди Дунай муттасил мекунад, пас аз муҳосираи банодири Украина дар дарёи сиёҳ тавассути Русия, акнун нақши ҳаётӣ барои содироти ғизои дорад».

Ин ниҳоди иттилоотии низомӣ ҳамчунин арзёби кард: «тасарруфи Лиман тавассути Русия аз аҳдофи аслии амалиёти ин кишвар пуштибонӣ мекунад, ки эҳтимолан муҳосираи Севродонтск ва тангтар шудани муҳосираи неруҳои украинӣ дар устони Луганск аст».

Иттилооти артиши Англис дар гузориши дигаре навишт: «ҳамалоти тӯпхонаӣ сангин ҳамчунон идома дорад… Аносири гурӯҳи ҷанубии артиши Русия эҳтимолан муваффақтарин пешравиро дар ин бахш ҳидоят мекунанд, ки тавассути гурӯҳи марказии неруҳои ҳамлакунанда аз шимол пуштибонӣ мешавад. Пешрафт кунд буда аст, аммо дастовардҳо ҳифз шуда аст».

Дар поёни ин баёния омада аст: «ҳадафи сиёсии Русия эҳтимолан ишғоли комили қаламравҳои Донетск ва Луганск аст. Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, Русия бояд аҳдофи амалиётии чолиш барангези бештареро фаротар аз Севродонтск, аз ҷумла шаҳри калидии Краматурск ва ҷодаи аслии Днепро-Донетскро тасарруф кунад».

Пеш аз ин, вазорати дифоъи Русия эълом карда буд аз ибтидои оғози ҷанг токунун беш аз 3 ҳазор танк, ҳудуди 180 ҷанганда ва беш аз ҳазор паҳподи Украиниро нобуд карда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад