Мухолифон вурудии бинои Вазорати умури хориҷаи Арманистонро масдуд карданд

Гуруҳе аз мухолифони Никол Пашинян дар ҷараёни роҳпаймоиҳои эътирозомез дар Ереван ҳалқаи амниятии полисро шикаста ва вурудии бинои Вазорати умури хориҷаро масдуд карданд.

Аъзои ҷунбиши мухолифон сарвазири Арманистон ва ҷонибдорони онҳо, ки дар майдони Фаронса дар Ереван раҳпаймоӣ ташкил карданд, ба бинои Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар расиданд.

Неруҳои Полис талош карданд, ки аз ин иқдоми эътирозгарон ҷилавгирӣ кунан, аммо муваффақ нашуданд. Айни замон неруҳои полис талош мекунанд вурудиҳои бинои давлатӣ яъне Вазорати додгустарии Арманистонро тақвият кунанд. Ин эътирозҳо аз субҳи имрӯз оғоз шудааст.

Яке аз ҳамоҳангсозони ин ҷунбиш Ишхон Сагателян хостори бастани тамоми даромадгоҳу баромадгоҳҳои бинои Вазорати умури хориҷии ин кишвар шудааст.

“Вазири умури хориҷӣ дигар ба манфиатҳои Арманистон хидмат намекунад, ҳама даромадгоҳу баромадгоҳҳо бояд баста шаванд”, – талаб намудааст Сагателян.

Ёдовар мешавем, ки мухолифони Арманистон чанд ҳафта боз дар пойтахт бо талаби истеъфои сарвазири феълӣ Никол Пашинян тазоҳурот баргузор мекунанд.

Эътирозгарон бар ин боваранд, ки сиёсати мақомот кишварро ба аз даст додани давлатдории Артсах ва Арманистон мебарад.

Мухолифин аз 25 апрел ба ин сӯ тазоҳуроти пароканда баргузор мекунанд.

Қаблан додситонии кулли Арманистон аз вуруди шикояти наздикони сарбозони армание, ки дар ҷанги Қарабоғ кушта шуданд, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин шикоят алайҳи Никол Пашинян аст, ки дар он иддао мешавад, алайҳи ӯ мутобиқи чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан парванда боз гардад.

Феълан Додситонии кулли Арманистон дастури баррасии ин муроҷиат аз ҷониби муфаттишонро содир кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад