Русия: Қутби Шимол, набояд минтақаи таҳаррукоти низомӣ шавад

Як дипломати аршади вазорати хориҷаи Русия раванди низоми шудани Қутби Шимолро нигарон кунанда хонд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, яке аз мақомҳои аршади вазорати хориҷаи Русия гуфт, минтақаи Қутби Шимол дар ҳоли табдил шудан ба як саҳнаи амалиёти низомӣ байналмилалӣ аст ва ин раванд «бисёр нигарон кунанда» аст.

Ба гузориши хабаргузории “Новости Арманистон”, “Николай Корчунов”, сафири сайёр дар вазорати умури хориҷаи Русия ва раиси «кумитаи аршади шӯрои Қутби Шимоли Русия» рӯзи якшанбе гуфт: «мо мебинем, ки чигуна таҳаррукоти низомӣ байналмилалӣ дар ин минтақа дар ҳоли афзоиш аст. Имкони байналмилали шудани таҳаррукоти низомӣ вуҷуд дорад. Албатта ин як раванди бисёр нигарон кунанда аст ва табдили минтақаи Қутби Шимол ба саҳнаи амалиёти низомии байналмилалӣ нигарон кунанда аст.»

Вай дар мавриди мавзӯъи пайвастани Шветсия ва Финляндия ба НАТО гуфт: «сиёсати суннати Финляндия ва Шветсия, сиёсати адами эътилоф бо иттиҳодҳои низомӣ, муддатҳост, ки пояои маҳкам барои ҳифзи сулҳ ва сабот буда ва ба таври билқувва, баъид аст илҳоқи ин кишварҳо ба НАТО ба дастёбӣ ба ин ҳадаф кумак кунад.»

Русия борҳо ба баргузории размояш дар Қутби Шимол муътариз шуда буд. Чанди қабл размояши бузурги байналмилалӣ «вокуниши сард» дар Норвегия оғоз шуд ва ду ҳафта ба тӯл анҷомид. Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, ки ин монаврҳо бузургтарин тамринҳои таҳти ҳидояти Норвегия аз даҳаи 1980 буда аст. Дар ин размояш ҳудуди 30 ҳазор неру аз 27 кишвар аз ҷумла Финляндия ва Шветсия, ки кишварҳои шарики НАТО ҳастанд, ширкат доштанд.

“Йенс Столтенберг”, дабири кулли НАТО дар рӯзҳои гузашта эълом кард, ки Финляндия ва Шветсия расман барои пайвастан ба ин эътилофи низомӣ дархост додаанд.

Аз замони оғози корзори низомии Русия дар Украина дар 24 феврал, афкори умумӣ дар Финляндия ва Шветсия ба шиддат ба нафъи узвият тағйир кардааст. Финляндия ва Шветсия наздиктарин шуракои НАТО ҳастанд ва дорои неруҳои мусаллаҳ бо будҷаи муносиб ҳастанд ва ба амалиёти низомӣ ва ҳавоӣ эътилофи НАТО кумак мекунанд.

Давлатҳои Финляндия ва Шветсия дар ҳоле тасмими худро барои илҳоқ ба НАТО эълом карданд, ки ҷабҳаи ҷадидеро дар парвандаи тақобул миёни Русия ва ғарб гушӯда аст; Финляндия ба унвони яке аз кишварҳои ҳавзаи Скандинавия, болиғ бар ҳазор километр марз бо Русия дорад ва аввалин кишвари дорои марзи муштарак бо Русия аст, ки ба НАТО мулҳақ мешавад.

“Валентина Матвинко”, раиси санои Русия зимни ишора ба вокуниши низомии мутаносибе, ки Русия ба узвияти Финляндия ва Шветсия дар НАТО хоҳад дод, гуфт алорағми густариши НАТО, амнияти Русия тазмин хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад