Русия интихоби аввали тоҷикон барои муҳоҷирати меҳнатӣ

Дар ҳоле, ки феълан беш аз 90%-и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мераванд, мақомоти тоҷик муҳим медонанд, ки ин равандро гуногунсамт созанд.

Дар ҳоле, ки феълан беш аз 90%-и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мераванд, мақомоти тоҷик муҳим медонанд, ки раванди гуногунсамтиро баром муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам созанд.

Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.

Каримзода дар суҳбат бо нашрияи “Садои мардум” гуфт, яке аз сабабҳо гузаштаи муштарак доштани кишварҳо мебошад.

Ӯ афзуд: “Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад”.

Ӯ таъкид намуд, ки новобаста ба ин, дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират боқӣ мемонад.

Каримзода аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират бо кишварҳои арабӣ, Туркия, Корея ва дигар давлатҳо зикр намуд.

Ӯ изҳор дошт: “Кишварҳое, ки бо депопулятсия ва пиршавии аҳолӣ мувоҷеҳанд, аз паи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошанд, ки қувваи кории ҷавон доранд. Аз ҷониби дигар, барои мо имконест, то муҳоҷиратро гуногунсамт созем”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи пурсиши Хадамоти муҳоҷират, ки ба гуфтаи Каримзода ҳар семоҳа гузаронда мешавад, соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд.

Аз шумораи умумии омори муҳоҷирати меҳнатӣ ингуна аст, ки 94 дарсад дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад