Барканории ҳамсари Назарбоев аз комиссияи кор бо занон бо фармони Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳайати комисияи кор бо занҳо ва сиёсати демографиро иваз кард.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳайати комиссияи кор бо занҳо ва сиёсати демографиро иваз кард.

Ба ин тартиб, Соро Назарбоева – ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз комиссия ихроҷ шудааст.

Ба ҷуз аз Соро Назарбоева аз комиссия ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Элвира Азимова, мудири “Қазпочта” Аида Абибуллоева ва дигар аъзои комиссия ихроҷ шудаанд.

Соро Назарбоеваи 81-сола, муассис ва роҳбари Бунёди хайрия барои кӯдакони “Бобек” солҳои охир дар мазҳари ом кам пайдо мешавад. Дар ҷомеаи Қазоқистон овозаҳое ҳаст, ки вай бо шавҳараш солҳост зиндагӣ надорад.

Тоқаев ба ҳайси раиси комиссия муовини роҳбари маъмурияти худ Аида Балаеваро интихоб кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад