Ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳукумат ба тазоҳуротгарон дар Рӯшон ва Хоруғ

Низомиёни ҳукумат ба мардуми осоишта дар Рӯшон ва Хоруғ ҳамла карда чанд куштаву захмӣ ба ҷой гузоштанд.

Низомиёни ҳукумат ба мардуми осоишта дар Рӯшон ва Хоруғ ҳамла карда чанд куштаву захмӣ ба ҷой гузоштанд.
Ҳамла бо тӯпхона ва дигар силоҳҳои вазнин ҳоло дар Хоруғ ҷараён дорад.
Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун, аз ҷумла Pamir Daily News, пас аз ҳозир нашудани ҷавонон барои кушодани роҳ ба низомиёне, ки ба самти Хоруғ равон буданд, низомиён бо силоҳи гарм ба сӯи тазоҳуротгарон оташ кушодаанд. Дар натиҷа чанд куштаву захмӣ ба ҷой мондааст, ки шуморашон ҳанӯз мушаххас нест.
Баъди ин ҳамла ва куштану пароканда кардани мардум, корвони низомии иборат аз 8 мошин ба самти Хоруғ ҳаракат кардааст. Тибқи иттилоъи бархе манобеъ, дар худи Хоруғ ҳам ҳамла ба маҳаллаи УПД, ба самте, ки мардум ба тазоҳуроти осоишта ҷамъ шудаанд, аз тӯпхона шурӯъ шудааст. Ин манобеъ мегӯянд, оташ аз самти пойгоҳи низомии Хоруғ афканда мешавад.
Баъди ҳамла ба мардум ва куштаву захмӣ шудани афроди зиёд, Вазорати корҳои дохила аз шурӯъи “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Рӯшон хабар дод.
Хабаргузории давлатии “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иддаъо кардааст, ки :
“7 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд”.
ВКД даъво дорад :
“Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд. Кирдори мазкур бадқасдона ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарбӣ итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд! .
Дар ҳамин ҳол, вазорат, ки қаблан мухолифинро дар тарҳрезии низоъи мусаллаҳон дар Бадахшон муттаҳам мекард, ин дафъа айбро ба “созмонҳои байналхалқии террористӣ” партофтааст: “Дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой дорад”.
Бо ҳамин иддаъо, бидуни овардани далеле, ВКД эълони амалиёт намудааст: “Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид”.
Пештар дар хабарҳо омада буд :
Pamir Daily News, пойгоҳе, ки хабарҳои вобаста ба Бадахшонро пӯшиш медиҳад, иттилоъ дод аз Душанбе ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯҳои ҳарбии бештари низомӣ ирсол шудаст.
Пойгоҳ о истинод ба манобеи менависадд, ки як корвони бузурги низомӣ аз Душанбе ба самти Хоруғ ҳаракат кардааст ва эҳтимол мақомот барои пароканда кардани тазоҳуроти эътирозӣ бо истифода аз зӯр ва ё нақшаи гузаронидани амалиёти вижа барои маҳв ё боздошти Мамадбоқировро дар назар дошта бошанд.
Ҳамчунин ин пойгоҳ бо такя ба манобеаш аз ноҳияи Рӯшони ВМКБ иттилоъ додааст ҷавонони маҳаллӣ дар Рӯшон роҳ ба сӯи Хоруғро баста, барои ҷилавгирӣ аз вуруди низомиён ба маркази ВМКБ омодагӣ мебинанд.
Вазъ дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ аз субҳи дирӯз, 16 май ноором аст. Дар даргириҳои дирӯза мақомот барои пароканда кардани мардуми норозӣ аз беадолатиҳои мақомоти ин вилоят аз силоҳ истифода бурд, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва наздик ба 20 нафар захмӣ шудаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад