Кушта ва захми шудани 4 нафар дар нооромиҳои Хоруғ

Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати Замир Назришоев, сокини шаҳри Хоруғро дар нооромиҳои рӯзи 16-уми май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ карданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати Замир Назришоев, сокини шаҳри Хоруғро дар нооромиҳои рӯзи 16-уми май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 17-уми май дар баёнияе аз захмӣ шудани се афсари ниҳодҳои интизомӣ хабар дод, аммо дар бораи маҷруҳон аз ҳисоби мардуми одӣ чизе нагуфт. Дар ҳоле ки як рӯз пеш манобеи Радиои Озодӣ дар бораи захмӣ шудани дастикам се кас гузориш доданд. Баъзе аз манобеъ ин шумораро бештар медонанд.

Пас аз як рӯзи нооромӣ дар Хоруғ, мақомот бори аввал дар ин бора ибрози назар карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёнияаш гуфт, гурӯҳи ҷавонони Хоруғ шаби гузашта бо “супориш”-и Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва “таҳти раҳбарӣ”-и сокини Хоруғ Замир Назришоев ба маъмурони пулиси Бадахшон, ки дар бинои Додгоҳи вилоят қарор доштанд, ҳамла карда, “норинҷаки дастиро таркониданд”.

Ба иттилои ВКД, дар ин ҳодиса муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Бадахшон Ғайратшоҳ Муборакшозода, корманди шуъбаи оперативии ВКД Шӯҳрат Қамишев ва фармондеҳи взводи таъйиноти махсус Абубакр Файзуллозода захмӣ шудаанд. Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир онҳо дар бемористон бистарианд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ омадааст, “ҳангоми зада гардондани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид”. Баъзе манобеъ дар бораи ҳалокати Замир Назришоев, сокини 30-солаи маҳаллаи Гулакени шаҳри Хоруғ назари дигарро гуфтанд.

Як рӯз пеш эътирозгарон мегуфтанд, онҳо дар роҳ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ бо сафи нерӯҳои интизомӣ рӯбарӯ шуданд ва онҳо аз гази ашковару тирҳои резинӣ истифода карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар нооромиҳои 16-уми май дар Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз сарони ғайрирасмии Бадахшон; Улфатхонум Маҳмадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Алим Шерзамонов, муовини раиси созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллиро гунаҳкор кардааст. Алим Шерзамонов рӯзи 16-уми май даст доштан дар ҳодисаҳои ахирро рад кард. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ҳам пештар иттиҳомҳои мақомотро бепоя дониста буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад