Ташдиди танишҳо дар пойтахти Арманистон; Даҳҳо мӯътариз боздошт шуданд

Дар идомаи танишҳо дар пойтахти Арманистон дар эътироз ба сиёсатҳои давлати "Никол Пашинян", неруҳои полис бо мӯътаризон даргир шуданд ва онҳоро боздошт карданд.

 

Дар идомаи танишҳо дар пойтахти Арманистон дар эътироз ба сиёсатҳои давлати “Никол Пашинян”, неруҳои полис бо мӯътаризон даргир шуданд ва онҳоро боздошт карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар идомаи эътирозоти пай дар пайи ахир алайҳи сиёсатҳои Никол Пашинян, нахуст вазири Арманистон, мухолифони ин кишвар имрӯз (сешанбе) аз соати аввалияи субҳ эътирозот алайҳи давлати Никол Пашинянро оғоз карданд ва хиёбонҳоро дар бахшҳои мухталифи “Ереван” масдуд карданд.

Бино бар гузориши хабаргузории русии “ТАСС”, расонаҳои маҳаллӣ ба сурати зинда аз пойтахти Арманистон гузориш медиҳанд ва онтавр, ки гузоришҳо нишон медиҳад, неруҳои полис дар ҳоли боздошти мӯътаризон ҳастанд.

Пештар, “Ишхон Сакатлян”, муовини раиси парлумони Арманистон аз ҳизби мухолифони «Арманистон эълом кард, ки имрӯз (сешанбе), иқдомоте дар ростои нофармонии густурда сурат хоҳад гирифт ва бино бар гуфтаи вай, дар ҳамин росто, хиёбонҳо масдуд хоҳад шуд ва мошинҳо дар хиёбонҳо мутаваққиф мешаванд ва пойтахт фалаҷ хоҳад шуд.

Аз 25 апрел, аҳзоби мухолиф дар Арманистон бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ дар саросари ин кишвар хостори истеъфои Пашинян шуданд ва эълом карданд, ки сиёсатҳои давлат таҳдиде барои аз даст додани ҳокимияти кишвар ва мавҷудияти ҷумҳури ва ба расмият шинохта нашудани Қарабоғи Куҳистонӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад