Тоҷикистон ва воридоти 90 % доруҳои мавриди ниёз аз хориҷ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки 90 дарсад аз доруҳои мавриди ниёзи ин кишвар аз хориҷ ворид мешавад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки 90 дарсад аз доруҳои мавриди ниёзи ин кишвар аз хориҷ ворид мешавад.

Ба гузориши манбаъ :

Дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷ ба маблағи 53 миллиону 500 ҳазор доллар анвоъи дору ворид карда аст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл наздик ба 19 миллион доллар бештар мебошад.

Аз дидгоҳи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мавзуъи стандарт ва кайфияти доруҳо ҳамчунон ба унвони мушклили ҷидди дар ин кишвар боқӣ мемонад.

Зеро дар пай таҳқиқ аз доруҳои ин кишвар дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 238 навъи дору, ки муддати масрафаш гузашта кашф ва нобуд карда шуда аст.

Мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд, ки дар солҳои ахир маблағгузории давлат барои воридоти дору дар ин кишвар афзоиш ёфта аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар се соли оянда 1,5 баробар бештар аз содироти он хоҳад буд.

Дар ин бора дар пешбинии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 гуфта мешавад. Тибқи ин ҳуҷҷат Тоҷикистон нақша дорад ҳаҷми савдои берунаро дар се соли наздик то $5,4 млрд расонад.

Ҳаҷми савдои хориҷа дар соли ҷорӣ беш аз $4,7 млрд пешбинӣ мешавад. Дар соли 2023 ин нишондиҳанда беш аз $5 млрд ва дар соли 2024 $5 милиарду 446 милионро ташкил хоҳад дод.Таъкид мешавад, ки дар се моли оянда содироти молу коло то $2 милиарду 104 милион расонида хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар ин муддат $3 милиарду 342 милионро ташкил хоҳад дод, ки беш аз 1,5 баробар бештар аз нишондиҳандаҳои содирот аст.

Иддаои муаллифони пешбинӣ дар ҳолест, ки таносуби манфии савдои хориҷаи Тоҷикистон аз аввали сол бо суръат дар ҳоли рушд аст. Нишондиҳандаҳои воридот беш аз се маротиба бештар аз ҳаҷми содирот мебошанд.Савдои берунаи кишвар дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ $1 милиарду 142,5 милионро ташкил дод, ки $70,3 милион ё 6,6% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар ҳамин ҳол таносуби савдо манфӣ буда, фарқ $582,7 милионро ташкил додааст.Содироти мол дар моҳҳои январ-феврали 2022 $279,9 милион, воридот бошад $862,6 милионро ташкил додааст. Ҳаҷми воридот аз содирот $582,7 милион ё 3,1 баробар бештар аст.

Гуфта мешавад содирот асосан аз металҳои қиматбаҳо, алюминии аввалия, семент, нахи пахта ва меваи хушк иборат аст. Ҳаҷми асосии воридотро маҳсулоти нафтӣ, донагиҳо ва ғайра ташкил медиҳанд.

Иддаои то 1,5 баробар кам кардани фарқи воридоту содирот аз ҷониби ҳукумат дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар 20 соли охир ҳамеша байни 2,5 то 3,3 баробар калавиш дошта, ҳеҷ гоҳ аз 2,5 баробар камтар нашудааст.

Коршиносон мегӯянд ҳатто дар шароити ғайрибӯҳронӣ ин кор ғайриимкон аст, чӣ расад замони бӯҳрони шадид, ки роҳҳои расидан ба ин ҳадаф хеле маҳдуд мегарданд.

Коршинос Абдуманнон Шералиев мегӯяд :

“Ин кор ҳатто дар замони оддӣ ғайриимкон аст, чун бояд содирот ду баробар афзоиш ёбад. Аммо, аз кадом ҳисоб? Чанд корхонаи бузург ба кор даромадааст ва ё дар ҳоли ба кор даромадан аст, ки ба ин натиҷа умед баста шавад? Фикр мекунам ин ҳам мисли дигар нақшаву пешбиниҳои ҳукумат танҳо барои нишон додан ба сармоягузорони хориҷӣ аст”.

Дар ҳамин ҳол Шералиев изҳор дошт, ки танҳо як роҳи расидан ба ин нишондиҳанда вуҷуд дорад: “Бинобар бо шиддат кам шудани ҷои кор барои муҳоҷирон дар Русия интиқоли маблағ ба Тоҷикистон чанд баробар камтар мешавад. Дар натиҷа, кишвар аз маблағи асосие, ки барои воридот истифода мешавад маҳрум шуда, ҳаҷми воридот ба таври автоматӣ коҳиш меёбад. Аммо ин бӯҳрони шадид номида мешавад, на рушди иқтисодие, ки сабаби камтар шудани фарқи воридоту содирот шудааст”.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад