Аргентина: Таҳримҳои зидди Русия, мунҷар ба сулҳ намешавад

Вазири хориҷаи Аргентина бо баёни инки эъмоли таҳримҳо роҳи муносибе барои расидан ба сулҳ нест, гуфт кишвараш ба таҳримҳои зидди русӣ намепайвандад.

 

Вазири хориҷаи Аргентина бо баёни инки эъмоли таҳримҳо роҳи муносибе барои расидан ба сулҳ нест, гуфт кишвараш ба таҳримҳои зидди русӣ намепайвандад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, алорағми фишорҳои густурдаи Амрико ва Иттиҳодия Аврупо бар кишварҳои муттаҳиди худ дар қораҳои дигар барои табаият аз таҳримҳои зидди русӣ ва пайвастан ба ин маҳдудиятҳо, Аргентина, аммо бо муфидбудани ин таҳримҳо мухолиф аст.

“Сантияго Кафейро”, вазири умури хориҷаи Аргентина бомдоди якшанбе гуфт, кишвараш ба далели мухарриб донистани нақши таҳримҳо, қасди пайвастан ба ин корзори зидди русиро надорад.

Ба навиштаи вебгоҳи “РИА Новости”, Сантияго Кафейро, дар мусоҳибае гуфт: «эъмоли таҳримҳо ва муҳосираи [иқтисодии Русия], роҳи созандае барои дастёби ба сулҳ, гуфтугӯ ва музокироти дипломатик нест».

Вай таъкид кард, ки Аргентина Русия ва Украинаро ба гуфтугӯ фаро мехонд.

Ба навишта РИА Новости, вай тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир дар Аргентина ҳеҷ чорчуби қонунӣ барои эъмоли таҳримҳои якҷонба алайҳи Русия вуҷуд надорад.

Вазири хориҷаи Аргентина дар инбора тавзеҳ дод: «дар воқеъ қонуне вуҷуд дорад, ки ин корро мамнуъ карда аст».

Пеш аз ин, вебгоҳи “Блумберг” навишта буд бо эъмоли ҳудуди 3 ҳазор таҳрими ҷадид алайҳи Русия тавассути Амрико ва муттаҳидонаш, ин кишвар дар садри кишварҳои таҳримшуда дар ҷаҳон қарор гирифта аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад