Кумаки низомӣ ва бебозгашти Чин ба Қирғизистон

Кобинаи вазирони Қирғизистон, пешнависи тавофуқномаи кумаки низомии Чин ба маблағ 50 миллион ювонро тасвиб кард.

Кобинаи вазирони Қирғизистон, пешнависи тавофуқномаи кумаки низомии Чин ба маблағ 50 миллион ювонро тасвиб кард.

Оқил Бекҷабборов, нахуствазири Қирғизистон пешнависи мувофиқатнома байни Вазорати дифои ин кишвар ва Вазорати дифои Чин дар мавриди ироаи кумаки низомии билоивази Пекин ба Бишкекро бо дар назар гирифтани тағйирот ва илҳоқоти эҳтимолии ғайриусулӣ тасвиб кард.

Бар асос ин тавофуқ, тарафи Чин барои соли 2022 ба тарафи Қирғизистон кумаки низомӣ ба арзиш 50 миллион ювон ироа мекунад.

Анвоъ ва миқдорҳои ин кумак дар протоколи илҳоқие, ки тавассути тарафайн баста мешавад ба тасвиб хоҳад расид ва ин протокол ҷузви ҷудонашавандаи ин тавофуқнома аст.

Лозим ба зикр аст, ки дар ин бора дар сафари Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба Чин дар таърихи 6 феврал ва дар чорчуби дидор бо Ши Чин Пинг, раисҷумҳури Чин сӯҳбат шуда буд.

Дар ин дидор раисҷумҳури Чин бо баёни инки тарафи чинӣ тасмим гирифтааст, 50 миллион ювон кумаки амниятии роягон ироа кунад, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф эълом карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад