Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ба Шаҳбоз Шариф

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон номаи табрикотӣ фиристод.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон номаи табрикотӣ фиристод.

Ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи табрикотӣ ба Шаҳбоз Шариф, сарвазири тозаинтихоби Покистон хостори беҳтар шудани равотиби ду кишвар шуд. Шаҳбоз Шариф пас аз барканории Имрон Хон рӯи кор омадааст.

Дар ин номаи тарбрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, “итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин вазифаи сермасъули давлатӣ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Покистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.”

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои боз ҳам беҳтар кардани робитаҳои ду кишвар “омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор менамоям.”

Гуфтанист, дирӯз, 11-уми апрели соли 2022 Шаҳбоз Шариф, бародари Навоз Шариф бо касби 174 раъй дар як раъйгирии бидуни рақиб дар парлумони Покистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллии ин кишвар ба унвони Нахуствазир интихоб шуд.

Пеш аз ин рӯзи 10-уми апрел парлумони ин кишвар ба собиқ Нахуствазири он Имрон Хон раъйи адами эътимод дода, дар торихи Покистон якумин Сарвазире буд, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ аз қудрат канор ронда мешавад. Дар хабари Девони Вазирони ин кишвар чунин гуфта шудааст: «Дар натиҷаи пароканда кардани Маҷлиси Миллӣ аз ҷониби президенти Покистон, тибқи моддаи 58 (1) дар якҷоягӣ бо моддаи 48 (1)-и Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Покистон, Имрон Аҳмадхон Ниёзӣ фавран вазифаи сарвазири Покистонро қатъ намояд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад