Баррасии масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе

Дар Душанбе масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Дар Душанбе масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Дар ниҳояти мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷузъиёти протоколи ба имзорасида эълом нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар масоили делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора имрӯз, 11 апрел хабаргузории avesta.tj бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, аз 5 то 10 апрел дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи ин мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои корӣ дар қаламрави Қирғизистон баргузор шавад. Ҷузъиёти дигари ин мулоқот эълом нашудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Иттиҳоди Аврупо аз  Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки масъалаи марзро ҳарчи зудтар ҳал кунанд.

Ҳайати воломақоми Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни сафараш ба Душанбе баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст.

Дар ин бора Ҷозеф Боррел, раиси дипломатияи аврупоӣ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар додааст.

Тавре Интерфакс хабар медиҳад Боррел гуфтааст: “Мо масъалаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардем. Табиист, ки дар рафти баррасии муносибатҳои ду кишвар, масъалаи муайянкунӣ ва аломатгузории марзҳо дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд”.

Боррел бо таъкид гуфтааст, «мо мехоҳем, ки ду кишвар ҳарчӣ зудтар роҳи ҳалли муассири ин масъаларо пайдо кунанд.»

Гуфтанист, Ҷозеф Боррел бо як сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе омад.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд :

Дар Бишкек пойтахти Қирғизистон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Ахиран дидору гуфтугӯи Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо Нуран Ниязалиев, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон сурат гирифт, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо тамаркуз ба густариши пайдарпайи он муҳокима намуданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин, аҳамияти нақши ҳамоҳангсози мақомоти корҳои хориҷӣ дар самти мувофиқасозии чорабиниҳо байни вазорату идораҳои ду кишвар дар соли 2022 таъкид гардид.

Пас аз шиддат гирифтани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ҷонибҳо чандин протоколу санад ба имзо расониданд, ки поин овардани шиддати авзоъ ва идомаи раванди таъину нишонагузории марзро дар назар дорад. Аммо ба гуфтаи коршиносон муносибати байни кишварҳо шадид монда, давраи номуайяниеро аз сар мегузаронад.

Бояд қайд кард, ки тибқи иттилои Тоҷикистон, табодули мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2020 тақрибан 37 миллион долларро ташкил додааст, ки 0,8 дарсад аз миқдори умумии савдои Тоҷикистон ва 0,6 дарсад аз савдои Қирғизистонро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори Қирғизистон, дар чанд соли охир гардиши мол миёни Қирғизистону Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар соли 2019 он ба 67 миллион доллар расид, аммо дар соли 2020, бинобар пандемияи коронавирус, ба 37 миллион доллар коҳиш ёфт. Гузашта аз ин, ҳиссаи содирот, тибқи маълумоти расмӣ, тақрибан 80-90 дарсадро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз Қирғизистон сӯзишворӣ, орд, молҳои серистеъмоли чинӣ ва ғайра интиқол дода мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр аст, ки аз он то имрӯз танҳо 504 километр таъину нишонагузорӣ шудааст. Аксар вақт ихтилофҳо дар қитъаҳои баҳсии марзӣ, дар замин, об, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофи байни мардум ба амал меоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад