Ҳамоиши Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Ба ибтикори Шӯрои роҳбурдии пажӯҳишгоҳи мудирияти Ҳиндустон ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ду рӯзаи «Чаҳорчуби ҳамоҳангӣ: Афғонистон дар меҳвари таваҷҷӯҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ» баргузор гардид.

Ба ибтикори Шӯрои роҳбурдии пажӯҳишгоҳи мудирияти Ҳиндустон ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ду рӯзаи «Чаҳорчуби ҳамоҳангӣ: Афғонистон дар меҳвари таваҷҷӯҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ» баргузор гардид.

Ба гузориши манбаъ:

Дар ин нишаст таҳлилгарони Покистон, Ҳиндустон, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба баррасии мавзӯи роҳкорҳои ҷадиди ҳалли буҳрони Афғонистон ва таъсири он ба авзоъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ пардохтанд.

Аксари ин коршиносон таъкид карданд, ки ҳаводиси Афғонистон ба авзоъи амниятии манотиқи Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ таъсири мустақим дорад ва бояд аз мудохилаи қудратҳои хориҷӣ барои идомаи ноамнӣ ва даргирӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ кард.

Ҳамчунин яке аз роҳҳои поён додан ба буҳрони ноамнии беш аз 44 сола дар Афғонистон рушди иқтисоди ин кишвар, иҷроӣ кардани тарҳҳои муҳими зербиноӣ, пайдо кардани кишти ҷойгузин ба ҷои маводи мухаддир ва иштиғолзоӣ барои насли ҷавон мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон “СИГОР” (Special Inspector General for Afghanistan Reconstruction) “SIGAR дар гузорише ба нақл аз барномаи ҷаҳонии ғизо эълом кард,ки дар ҳоли ҳозир беш аз ниме аз ҷамъияти Афғонистон аз гуруснагии шадид ранҷ мебаранд.

Бар асоси ин гузориш афзоиши маводи ғизоӣ. афзоиши шумори оворагони дохили ва буҳрони иқтисодӣ пас аз ба қудрат расидани дубораи Толибон аз авомили умдаи буҳрони инсонӣ ва афзоиши гуруснагӣ дар Афғонистон аст. Бар хилофи инъикоси шароити Афғонистон ва ҳушдорҳои пай дар пайи маҳофили дохили ва байналмиллалӣ дар мавриди паёмадҳои  инсони ташдиди гуруснагӣ дар Афғонистон ин вазъият ҳамчунон гиребонгири мардуми ин кишвар аст. Яке аз масоили муҳим дар иртибот бо вазъияти мавҷуд талоши тарафҳои зинуфӯз дар Афғонистон барои баҳрабардорӣ аз он дар ростои манофеъи худ аст.

Толибон интизор доранд дилсузии ҷомеъаи ҷаҳонӣ мунҷар ба шиносоии ҳокимияти Толибон шавад. Покистон низ пас аз моҳҳо иҷозаи ирсоли гандуми Ҳинд ба Афғонистонро содир кард,ки ба навъи кумакҳо дар ростои ихтилофоти худ бо Деҳли нав ба гаравгон гирифта буд. Амрико низ умедвор аст таҳти фишорҳои инсонӣ ноши аз гуруснагӣ, Толибон ногузир ба таввофуқномаи Дуҳа шаванд. Бинобарин бисёр содда метавон гуфт: Мардуми Афғонистон  қурбонии таъмаҳо ва хостаҳои манфиъат талабони ҳар як аз бозигарони муасир дар ин кишвар ҳастанд.

Кейт Клорак коршиноси масоили байналмиллалӣ дар ин бораи мегуяд: Идомаи раванди мавҷуд ҳеҷ чашмандози рушанеро  барои ояндаи мардуми Афғонистон тарсим намекунад ва аввалин масъул дар баробари ин кишвар Толибон аст.

Идомаи фақр дар Афғонистон сабаб шудааст, то ҷурм ва ҷиноят дар ин кишвар афзоиш ёбад. Агар чӣ Толибон мудаъи аст, пас аз тасалути муҷаддади Толибон амнияти нисбиро дар Афғонистон эҷод кардааст, аммо бекории рӯзафзӯн дар канори афзоиши фақр ва гуруснагӣ ноши аз шароити бади иқтисодӣ боис шудааст ,то одамрубоӣ бо ҳадафи боҷгирӣ ва ахозӣ низ ба хусус дар Кобул афзоиш ёбад. Ин раванд метавонад сабаби фирор ва муҳоҷирати нухбагон аз ҷумла пизишкони Афғонистон шавад.

Гурӯҳи байналмиллалӣ буҳрон дар гузорише дар мавриди фақр дар Афғонистон эълом кард: Гуруснагӣ ва фақри шадид бештар аз бомбҳо ва гулулаҳои ҷангии дудаҳаи гузашта ҷонӣ мардуми Афғонистонро гирифтааст.

Дар ҳар ҳол пайдо нашудани роҳи муносиб барои поён додан ба мушкилоти мардуми Афғонистон сабаби ташдиди фақр ва гуруснагӣ дар ин кишвар шудааст ва мардуми ин кишвар ҳамчунон қурбонии аҳдоф ва барномаҳои манфиъат талабонаи қудратҳои дорои нафъ дар Афғонистон шудааст. Вазъияте,ки толибонро ногузир мекунад ,роҳкори милли барои поён додан ба буҳронҳои мухталиф пайдо кунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад