Амрико алайҳи Русия эъломи ҷанги иқтисодӣ карда аст

Сухангӯи Кохи раёсати ҷумҳурии Русия мегуяд, давлати Маскав дар мувоҷиҳа бо ҷанги иқтисодӣ, ки аз сӯи Амрико ва муттаҳидонаш оғоз шуда аст, ҳар коре ки лозим бошад дар ростои таъмини манофеаш анҷом медиҳад.

 

Сухангӯи Кохи раёсати ҷумҳурии Русия мегуяд, давлати Маскав дар мувоҷиҳа бо ҷанги иқтисодӣ, ки аз сӯи Амрико ва муттаҳидонаш оғоз шуда аст, ҳар коре ки лозим бошад дар ростои таъмини манофеаш анҷом медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Дмитрий Песков”, сухангӯи Кохи Кремлин бо таваҷҷӯҳ ба иқдомоти ахири Вашингтон гуфт: Амрико амалан ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия ба роҳ андохта аст.

Вай ҳушдор дод: Русия барои пирӯзӣ бар Амрико дар ҷанги иқтисодӣ, бояд ҳар коре дар ростои таъмини манофеаш, анҷом диҳад.

Дмитрий Песков, бо таваҷҷӯҳ ба тасмими Амрико мабнӣ бар мамнӯъияти воридоти нафт аз Русия, гуфт: Русия ҳамчунон яке аз таъминкунандагони муътабари газ дар ҷаҳон аст ва вазъият дар бозорҳои энержӣ бисёр пурнавасон аст. Мо зомини мутмаини амнияти энержӣ дар Аврупо ва ҷаҳон ҳастем ва хоҳем монад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия бо таваҷҷӯҳ ба эътирофи Амрико мабнӣ бар вуҷуди озмоишгоҳҳои биюлужик дар Украина гуфт: барои ҳамаи ҷаҳон ҷолиб хоҳад буд, ки бифаҳманд дар озмоишгоҳҳои биюлужики Украина, ки тавассути Амрикоиҳо баҳра бардорӣ мешавад, чӣ мегузарад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба дидори пеши рӯи вузарои хориҷаи Русия ва Украина, ки қарор аст ба мизбонии Туркия баргузор шавад, гуфт: ин дидор бисёр муҳим ва дар идомаи раванди музокирот аст.

Субҳи панҷшанбе буд, ки “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия дар посух ба дархости кӯмаки низомии сарони минтақаи ҷудои талаби шарқи Украина, дастури амалиёти вижа дар минтақаи Донбассро содир кард. Баъд аз он, ҷангандаҳо, тупхонаҳо ва сомонаҳои мушакии артиши Русия, мавозиъи низомии мухталифе аз шарқ то ғарб ва шимол то ҷануби Украинаро ҳадаф қарор доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад