Бозрасии хона ба хонаи Толибон, иқдоми ғайри қонуни бо ангезаи қавмӣ

Бозрасии Толибон аз хонаҳое, ки тайи рӯзҳои ахир дар Кобул ва бархе устонҳои Афғонистон оғоз шудааст, бо мавҷе аз вокунишҳои дохилӣ ва байналмиллали мувоҷеҳ шудааст

Дар ин маврид бархе аз шаҳрвандон ва ниҳодҳо аз он че, ки беҳурматии Толибон ба ҳарими хусӯсии шаҳрвандон ва бархурди хашини ин гурӯҳ бо мардуми ин кмшвар мегуянд, интиқод мекунанд.

Аз ҷониби дигар бархе масъулони Толибон аммо мудаъи ҳастанд ба манзури ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои террористи ва ба гуфтаи онҳо , “аносири шарур” даст ба ин иқдом задаанд. Мавзӯъе, ки шуморе аз огоҳон онро рад карда ва идораи Толибонро мутаҳам ба озору азияти мардум мекунанд.

Дуктур Абдулҳамид Эътимодӣ устоди донишгоҳи ва огоҳии масоъили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин хусӯс мегуяд: Толибон аз назари ҳуқуқи як гурӯҳи ғайри қонуни аст ва ҳукумати онҳо ҳам то ҳанӯз машрӯъияти миллӣ ва байналмиллали надорад, онҳо ҳанӯз ҳам ба унвони як гурӯҳи террористӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад, ки бо зӯр Афғонистонро ишғол кардааст.

Эътимоде ба баёни ин ки Толибон салоҳияти вурӯд ба ҳарими хусӯсӣ ва манзили афродро надоранд, гуфт: Бозрасии хона ба хонаро ҳеҷ маҳкамае ҳатто маҳкамаи Толибон ҳам таъид накарда ва дар ин хусӯс ҳукми расмӣ ҳам содир накардааст.

Вай дар идома мегӯяд: Толибон барои роҳандозии амалиёти бозрасии хона ба хона як сери тавҷиҳоте мекунанд, масалан идаъо доранд,ки ин кор ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидоти гурӯҳҳои террористӣ ва ё саркубии нерӯҳои шарур анҷом мешавад, аммо агар амиқтар ба ин қазия нигоҳ кунем, дида мешавад, ки ҳатто ҳамин идаъои Толибон ҳам дурӯст нест.

Ба унвони мисол ҳатто агар онҳо идаъои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористии гурӯҳи ДОИШ ва дигаронро доранд, пас чаро аввал бозрасиҳоро аз устони Нангарҳо,ки пойгоҳи гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон аст шурӯъ намекунанд.

Аз суйи ҳам генерал Хуррамӣ муовини амниятӣ миллии пешини устони Кобул дар бораи тафтиши хона бахона аз сӯйи Толибон мегӯяд: Бозрасии хона ба хона аз сӯйи Толибон ду далел дорад, чанде пеш теъдоде аз ҳамватанон мегуфтанд, ки мо қиёмро аз Кобур шурӯъ мекунем ба назар мерасад Толибон ҳам аз ин ноҳия эҳсоси хатар мекунанд, ва бештар нуқотеро, ки имкони хезишҳои мардуми аз он ба назар мерасад мавриди бозрасӣ қарор медиҳад.

Хуррамӣ бо баёни ин, ки Толибон аз мардум ҳаррос дорад гуфт: Толибон хонаҳои мардумро ба хотири иттиҳомҳои воҳи ҳамчун доштани аслиҳаи ғайри қонуни , шаб ва рӯз бидуни риояти ҳарими шахсии мардум ва бо хушунат ва таҳдид бозрасӣ мекунанд, аммо худи Толибон аслиҳаҳоеро, ки аз 24 устони кишвар ба даст овардаанд ба Покистон мефурӯшанд.

Ин генерали пешини амнияти миллии Афғонистон дар интиҳо Толибонро муттаҳам ба бархурди дугона бо шаҳрвандони ин кишвар кард гуфт: Чаро толибон дар шаҳри Кобул, ки дар он ҳудуди 5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд бештари нуқотеро барраси мекунанд,ки дар он мардуми Панҷшер ,Кописо, Парвон ва ҳамчунин Ҳазораҳо сукунад доранд, дар ҳоле, ки то кунун ин гурӯҳ манотиқи паштунишини Кобулро бозрасӣ накардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад