Қарзи 3 миллион долларии ширкати Барқи тоҷик

Қарзи Ширкати "Барқи тоҷик" аз 3 миллион доллар гузашт ва ин ширкат дар соли 2021 натавонист пеши роҳи афзоиши қарзҳояшро бигирад.

Ширкати “Барқи тоҷик” дар соли 2021 натавонист пеши роҳи афзоиши қарзҳояшро бигирад.

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳолати аввали соли ҷорӣ ба 32,3 миллиард сомониро ва ё тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст

Дар ин бора намояндагони ширкат дар рафти нишасти матбуотӣ матбуотияшон изҳор доштанд.

Ба иттилои масъулин, қарзи ширкат танҳо давоми соли 2021 3,3 миллиард сомонӣ афзудааст.

Ҳамин тавр, ширкати мазкур, аз ҳама бештар аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор будааст, ки он ҳудуди 24,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, ин ширкат аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2” – 4,3 миллиард, ҶСК “НБО Роғун” – 630 миллион, ҶСК “Тоҷиктрансгаз” – 362 миллионӣ ва ба ширкатҳои воридкунандаи ангишт ба нерӯгоҳи ҳароратии дар пойтахт мавҷудбуда 215 миллион сомонӣ қарздор аст.

Тибқи иттилои ин ниҳод давоми як соли кишвар ба хориҷ наздик ба 900 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.

Барқи Тоҷикистонро давоми як сол Афғонистон ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,3 доллар) ва ба Ӯзбекистон 260,2 миллион сомонӣ (23 миллион доллар) харидаанд.

“Барқи тоҷик” мегӯяд, соли 2021 дар кишвар 15,9 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​тавлид шуд, ки бештари он ба нерӯгоҳи Норак рост меояд.

Мавриди зикр аст, ки ахиран раисиҷумҳури кишрвар Мирзо Исмоилзодаро аз мақоми раҳбарии ширкат барканор ва Маҳаммадумар Асозодаро ба ҷойи ӯ таъйин кард.

Ҳамакнун раҳбарияти нав барои пардохти ин қарз чӣ тасмим дорад ва то куҷо муваффақ мешавад, зери суол боқӣ мемонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад