Шомил шудани номи навҷавони 11-солаи тоҷик дар китоби Гиннес

Номи Эмомҳусайн Умарови 11-солаи тоҷик барои дастовардаи варзишии фавқулоддааш ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил карда шуд.

Дар ин бора дар Ютуб мураббии ММА Ризвон Ошурмамадов дар каналаш дар Ютуб хабар дод. Мураббӣ дар толор дар бораи дастоварди бачаи  тоҷик ҳарф мезанад ва сипас Шаҳодатномаи расмӣ аз номи Китоби рекордҳои Гиннесро ба Эмомҳусейн месупоранд

Ризвон Ошурмамадов мегӯяд, Эмомҳусейн дар байни чоруним соат  бетанаффус 5200 маротиба “отжимание” кардааст ва барои ҳамин дастовардаш шомили Китоби Гиннес шудааст.

Номи Эмомҳусейн Умаров ҳанӯз дар ҳафтсолагиаш барои рекордҳои варзишиаш вирди забонҳо шуда буд. Падараш Раҷаб Умаров мегуфт, ки Эмомҳусейн 11 ҳазор маротиба ва ҳатто як дафъа қариб 13 ҳазор “отжимание” кардааст, вале танҳо як мавридеро, ки бетанаффус 5200 маротиба “отжимание” кард, тавонистаанд сабт ва ба Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кунанд.

Эмомҳусайн Умаров дар хонаводаашон фарзанди нӯҳум ва аз ҳама хурдӣ аст. Ӯ ҳоло бо аҳли оилааш дар шаҳри Красноярски Русия зиндагӣ ва машқ мекунад.

Падари Эмомҳусейн чанд сол боз талош дошт, то дастоварди писараш дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шавад. Ӯ ҳамеша муътақид буд, ки дар “отжимание” касе бо Эмомҳусейни ӯ қувваозмоӣ карда наметавонад.

Моҳи ноябри соли 2017 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз Эмомҳусейн Умаров барои намоиши истеъдоди нодири варзишӣ: 11 ҳазор “отжимание” ситоиш карда, ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад