Фарди барои таълими Қуръон 14 сол зиндони шуд

Расонаи хабарии IslamNews санаи 14 январ бо санад аз  Wionews иттилоъ додааст,  мусалмонзани чинӣ Хосият Аҳмадро  барои таълими Қуръон ба 14 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Расонаи хабарии IslamNews санаи 14 январ бо санад аз  Wionews иттилоъ додааст,  мусалмонзани чинӣ Хосият Аҳмадро  барои таълими Қуръон ба 14 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Ҳосият Аҳмади 57-сола, зодаи ноҳияи Манаси Шинҷон  ҳанӯз дар соли 2017 боздошт ва ба самти номаълум бурда шудааст, аммо танҳо ҳоло иттилоъ дар бораи қазияи ӯ дастраси расонаҳои байналмилалӣ шудааст.

Ҳосият дар маҳаллаи худ ба кӯдакони ҳамсояаш  асосҳои дини ислом ва қироати Қуръонро меомӯхт ва 2 нусхаи китоби муқаддасро дар хона пинҳон мекард, дар ҳоле ки дигар сокинони маҳаллӣ муддати тӯлонӣ Қуръон надоштанд, чун  китобҳои диниро нерӯҳои амниятӣ мусодира кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Wionews, нерӯҳои амниятӣ ба хонаи Ҳосият зада даромада, ба сараш халта пӯшида, ӯро ба самти номаълум бурданд. Аз он вақт инҷониб касе аз хешу табор ва ҳамсояҳояш ӯро надидааст. Ӯро 7 сол  барои таълими динӣ додан  ба кӯдакон ва 7 соли дигар  барои доштани нусхаҳои Қуръон,  ҷамъ 14 сол маҳкум кардаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро дар барои омӯзишҳои динии ғайриқонуниро ба парлумон фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро ирсол намуд, ки мувофиқи онҳо, ҷазо барои амалисозии таълимоти ғайриқонунии динӣ сангинтар мешавад, аз ҷумла тариқи Интернет, агар ин амалҳо хусусияти динии ифротгароӣ надошта, дар муддати як соли баъди истифодаи ҷазои маъмурӣ барои чунин қонушиканиҳо содир шуда бошанд.

Як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дода аст, ки

Қаблан барои чунин қонушиканиҳо танҳо ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисоб – аз 48 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки агар шаҳрванди бо ин далелҳо ба ҷазои маъмурӣ ҷалбшуда ин амалро дар муддати як сол такрор кунад, метавонад ба муҳлати аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Ба таври хулоса ин мешавад, ки :

дар сурати тасвиби ин тарҳ, муҷозоти афроде, ки ба омӯзишҳои динии ғайриқонунӣ аз тариқи ҳузурӣ ва фазои маҷозӣ машғул ҳастанд, сахттар хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир мизони ҷаримаи молии мутахаллифон аз 48 то 72 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст.

Аммо дар тарҳи қонуни нав ин шохис то 100 ҳазор сомонӣ афзоиш меёбад.

Ҳамчунин дар сурати такрори омӯзишҳои динии ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон тайи як сол аз сӯйи афрод, додгоҳҳо ононро то 3 сол ба зиндон маҳкум хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон муҷаввизи омӯзишҳои диниро танҳо Кумитаи давлатии умури дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим содир мекунад, ки бо печидагиҳои зиёде ҳамроҳ мебошад.

Чанди қабл , вазорати хориҷаи Амрико феҳристи солонаи ҷадиде аз ноқизони озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон мунташир кард, ки дар ин феҳрист номи Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари нахуст қарор гирифтааст.

Аммо Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи кишварҳои ноқизи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳонро такрорӣ ва дар қиболи Тоҷикистон ғайримунсифона дониставу онро рад кардааст.

Ин кумита аз мақомоти Вазорати хориҷаи Амрико даъват кардааст, ки бо эъзоми комиссиюни вижае вазъи ҳуқуқи динӣ ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро мунсифона баррасӣ кунанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон қаблан ҳам гуфта буд, ки гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи зиндагии мазҳабии мардуми Тоҷикистон ғайривоқеӣ ва бештар инъикоси ахбори расонаҳост.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад