Музокироти Толибон бо вазири хориҷаи ҶИЭ

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати Толибон музокирот бо вазири умури хориҷаи Эронро мусбату созанда арзёбӣ кардааст.

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати Толибон музокирот бо вазири умури хориҷаи Эронро мусбату созанда арзёбӣ кардааст.

Ҳофиз Зиё Аҳмад, муъовини сухангӯи вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон дар саҳифаи Твиттериаш дар бораи дидори Амирхон Муттакӣ, сарпарасти вазорати уури хориҷаи давлати Толибон бо Ҳусейн Амирабдулоҳиён вазири хориҷаи Эрон хабар дод.

Вай дар саҳифааш навиштааст, ки дар ин дидор рӯи масоили иқтисодӣ байни Афғонистон ва Эрон баҳсу табодули назар шуд.

Номбурда қайд кард, ки дар ин дидор равоби, тиҷорат, иқтисод, фаровардҳои нафтӣ, транзит ва масоили амниятӣ ба сурати мусбат ва созанда мавриди баҳс қарор гирифт.

Ҳофиз Зиё Аҳмад гуфт, Эрон метавонад тавассути Афғонистон молҳои содиротии худро ба соири кишварҳои минтақа интиқол диҳад ва Афғонистон низ метавонад аз имкониятҳои транзити Эрон истифода намояд.

Байни ҷонибин баҳсҳои мусбӣ ва созанда дар масоили тиҷорат, маводи нафтӣ, транзит ва масоили амниятӣ сурат гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин мавқеъияти арзӣ Афғонистонро роҳи иттисол Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хонданд, ки аз тариқи он Эрон метавонад содироти худро ба соири кишварҳои минтақа бирасонад ва Афғонистон низ аз транзити Эрон баҳра бардорад.

Қаблан вазорати хориҷаи Эрон эълом карда буд, ки Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон, шаби гузашта бо як ҳайъати бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ вориди Теҳрон шудааст.

Дар ин ҳайат, ки сарпарастҳои вазоратҳои иқтисод ва саноат, тиҷорати Афғонистон ва муовинони чандин вазорат аз ҷумла иқтисод низ ҳузур доранд. Қарор аст тарафҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар музокира кунанд.

Равобити умумии вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: “Эрон ҳамеша бар зарурати нигоҳдории равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар ба манофеи мардуми кишвари ҳамсоя, ба вижа дар шароити феълӣ таъкид мекунад”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад