Бунёди паногоҳ барои осебдидагони Роғун аз тарафи Оҷонси Оқохон

Бо дастгирии Оҷонси Оқохон оид ба муҳити зистдар деҳаи Калтаҳои шаҳри Роғун барои осебдидагон аз офатҳои табиӣ паногоҳ бунёд шуд.

Бо дастгирии Оҷонси Оқохон оид ба муҳити зистдар деҳаи Калтаҳои шаҳри Роғун барои осебдидагон аз офатҳои табиӣ паногоҳ бунёд шуд.

Дар деҳаи Калтаҳои шаҳри Роғун барои осебдидагони офатҳои табиӣ сарпаноҳ бунёд гардид. Дар ин бора котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи паногоҳ, сардори Идораи наҷоти кишвар ва сарвари бахши оҷонсии Оқохон оид ба муҳити зист, Ҳодӣ Ҳусайнӣ иштирок намуданд.

Бунёди сарпаноҳ бо ташаббуси КҲФ ва бодастгирии Оҷонсии Оқохон ва дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.

Манбаъ меафзояд, раиси КҲФ ба намояндагони аҷонс изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ба мисли ин паногоҳ боз бунёд гардидани чор сарпаноҳи дигар дар назар аст.

“Ин паноҳгоҳ ҳамчун маъво барои зарардидагону осебёфтагони офатҳои табиии эҳтимолӣ хидмат хоҳад кард ва он хатари хисорати бештар ва зарар ба ҷони инсонҳоро коҳиш медиҳад”, – омадааст дар хабарномаи КҲФ.

Сарпаноҳи бунёдгардида аз як хона иборат аст, ки тамоми шароити рӯзғорро дарбар дорад. Дар ин хона муваққатан ҷо додани 50 нафар зарардидагони офати табиӣ имконпазир аст.

Пештар низ дар хабарҳо омада буд :

Бар хабари котиботи раиси вилояти Хатлон, манзили нав аз ҳисоби Оҷонсии Оқохон оид ба муҳити зист ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сохта шуд.

Тақдими манзили навбуднёд дар доираи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омад.

Қаблан низ Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ҷомеаҳои осебпазири Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки аз офатҳои табиӣ баҳори имсол зарар дидаанд, 100 ҳазор евро (тақрибан 1,4 миллион сомонӣ) ҷудо карданд.

Кумак мустақиман ба 1800 нафар махсусан ба осебдидагони Кӯлоб  , ки аз ҳама беш зарар диданд, расонида мешавад.

Гуфта мешавад, маблағи имдоднамудаи ИА тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим шуд.

Ба зарардидагони офати табиӣ дар Кӯлоб, аз ҷумла, кӯрпаю болишт, зарфу табақ ва дигар ашёи лозим барои ошхона супорида шуд. Илова бар ин, оилаҳое, ки комилан манзили зисти худро аз даст доданд, бо маблағ таъмин мегарданд, то эҳтиёҷоти худро бароварда кунанд.

Ёдовар мешавем, ки боришоти шадид дар Тоҷикистон аз 6 то 13 май идома дошт ва дар бисёр минтақаҳои ҷанубу ғарби кишвар боиси обхезӣ, ярч ва сел гардид.

Обхезиҳо ва ярчҳои минбаъда ба беш аз 25000 нафар зарар расониданд. Аз 1000 хона, ки бар асари офати табиӣ зарар диданд, як қисмати онҳо комилан вайрону валангор шуда буданд.

Сокинони зарардида махсусан дар Кӯлоб ҳамчунин заминҳои кишт, чорво ва маводи ғизоии худро аз даст дода буданд.

Мувофиқи маълумоти Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб дар байни минтақаҳои аз ҳама зарардида қарор дорад. Ин офати табиӣ хисороти ҷонӣ низ дар пай дошту ҷони 9 касро гирифа буд.

Шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлон ва аз бузургтарин ва қадимитарин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки ҳама сола даргири ин мушкилот ва офатҳои табиӣ мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад