СММ: ҳудуди 23 миллион афғонӣ дар хатари гуруснагӣ ва фақр

Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард, 23 миллион нафар дар Афғонистон бо хатари гуруснагӣ ва фақри шадид мувоҷеҳ ҳастанд.

Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард, 23 миллион нафар дар Афғонистон бо хатари гуруснагӣ ва фақри шадид мувоҷеҳ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузори Ово, Бабар Балох, сухангӯи СММ дар умури паноҳандагон пас аз боздид аз Афғонистон эълом кард: Хонаводаҳои бесарпаноҳ дар Афғонистон ниёзманди либоси гарм, маводи сӯзишворӣ барои гарм нигоҳдоштан, маводи ғизоӣ ва доруӣ ҳастанд.

Вай афзуд: Буҳрони башарӣ ба гунаи рӯзафзун дар Афғонистон зиёд мешавад ва гуруснагӣ дар ин кишвар ба мизони бесобиқа расидааст.

Балох ҳамчунин дар бораи осибпазирии кудакони Афғон ҳамзамон бо афзоиши мушкилоти ин киншвар ҳушдор доду гуфт, як миллион кудак дар Афғонистон бо хатароти ҳамзамонии марг рӯбарӯ шудаанд.

Пеш аз ин маркази мудирияти Пизишкони бедуни марз дар Ҳирот дар ғарби Афғонистон эълом кард, ҷанг ва даргирии чанд сола дар ин кишвар сабаб шуд, ки аксари афғонҳо ба камбуди тағзия дучор шаванд.

Изҳороти масъулон, ниҳодҳои башардустона ва байналмилалӣ дар бораи мушкилоти фақр ва гурустангии мардум дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ба баҳонаҳои мухталиф сармояҳо ва дороиҳои Афғонистонро пас аз қудрат гирифтани Толибон дар ин кишвар ба баҳонаҳои беасос масдуд карданд.

Пештар низ дар хабарҳо омада буд, ки :

Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид СММ (ЮНИСЕФ) дар Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 20 ноябр таҷлил мешавад  гуфт, беш аз як миллион кӯдак дар Афғонистон дар хатари марг қарор доранд.

Ин созмон ҳамчунин меафзояд, ба беш аз се миллион кӯдаки дигар дар Афғонистон хатари камғизоӣ таҳдид мекунад.

Ба далели мушкилоти фаровоне, ки кӯдакон дар Афғонистон рӯбарӯ ҳастанд, Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид заминаи сафҳаи Твиттерашро аз кабуд ба сиёҳ иваз кард ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар Афғонистон таҷлил накард.

Сэм Морт, мудири Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аст, аммо Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид онро таҷлил накардааст”.

Чордаҳ миллион кӯдак дар хатари гуруснагӣ ва беш аз 3 миллион кӯдаки дигар зери хатари норасоии ғизо қарор доранд. Агар мо амал накунем, зиёда аз як миллион кӯдак аз гуруснагии шадид мемиранд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарони ҷаҳон даъват кардааст, ки ба вазъи ногувори кӯдакони афғон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд ва дар ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон кумак кунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад