Дархости СММ аз ҳамсоягони Афғонистон

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хостааст, ки марзҳои худро ба рӯйи афғонҳои паноҳҷӯ, ҳатто агар ҳуҷҷат ҳам надошта бошанд, бикушоянд.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хостааст, ки марзҳои худро ба рӯйи афғонҳои паноҳҷӯ, ҳатто агар ҳуҷҷат ҳам надошта бошанд, бикушоянд.

Созмон рӯзи 1-уми декабр гуфт, сарҳади Покистону Эрон дар ҳоли ҳозир танҳо барои афғонҳое, ки шиноснома ва виза доранд, кушода буда, сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон “пурра бастааст”.

Идораи СММ гуфт, аз афзоиши хатарҳо ба афғонҳои дар ҳоли фирор ба кишварҳои ҳамсоя “амиқан нигарон аст”. Дар ҳоле ки, ба қавли масъулонаш, вазъ дар Афғонистон баъди ишғоли Толибон дар моҳи августи имсол ҳамчунон дар ҳоли бадшавӣ аст.

Созмон маҳдудияти таҳсили духтарон, аз кор маҳрум шудани занон, фишор ба ақаллиятҳои мазҳабиву миллӣ, ҳамчунин, тарсондану куштани ҳомиёни ҳуқуқро монеа барои зиндагии одӣ дар Афғонистон арзёбӣ кардааст.

Идораи умури паноҳандагони СММ ҳамзамон аз тон ибрози нигаронӣ кардааст, ки бозпас фиристодани афғонҳо аз Покистону Эрон ва Тоҷикистон пас аз тасарруфи Толибон “афзоиш ёфтааст”.

UNHCR аз мақомоти ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки бозпас фиристодани маҷбурии афғонҳоро бас кунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид СММ (ЮНИСЕФ) дар Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 20 ноябр таҷлил мешавад  гуфт, беш аз як миллион кӯдак дар Афғонистон дар хатари марг қарор доранд.

Ин созмон ҳамчунин меафзояд, ба беш аз се миллион кӯдаки дигар дар Афғонистон хатари камғизоӣ таҳдид мекунад.

Ба далели мушкилоти фаровоне, ки кӯдакон дар Афғонистон рӯбарӯ ҳастанд, Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид заминаи сафҳаи Твиттерашро аз кабуд ба сиёҳ иваз кард ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар Афғонистон таҷлил накард.

Сэм Морт, мудири Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аст, аммо Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид онро таҷлил накардааст”.

Чордаҳ миллион кӯдак дар хатари гуруснагӣ ва беш аз 3 миллион кӯдаки дигар зери хатари норасоии ғизо қарор доранд. Агар мо амал накунем, зиёда аз як миллион кӯдак аз гуруснагии шадид мемиранд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарони ҷаҳон даъват кардааст, ки ба вазъи ногувори кӯдакони афғон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд ва дар ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон кумак кунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад