Имзои созишномаи ҳамкории муассисаҳои илмии Русия ва Тоҷикистон

Миёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Миёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Бино ба гузориши хадаомти матбуотии раиси вилояти Суғд, ин созишнома иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахассисони илмиро дар назар дорад.

Созишномаи ҳамкорӣ дар рафти мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ – демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо ширкати меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа директори Донишкадаи иқтисод, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Олимони рус ва тоҷик дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхӯрии ИҶШС”, “Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир” ва “Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” маъруза карданд.

Дар фазои тантанавӣ аз тарафи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид ба директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии АИ Русия Рязансев Сергей Василевич дипломи профессори фахрии донишкада супорида шуд.

Мизи мудаввар бо ширкати меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар фазои дӯстона бо муҳокимаҳои илмӣ ва баррасии як қатор пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Русия ва Тоҷикистон қасд доранд дар моҳи июн ба бунёди панҷ мактаби нав дар ҷумҳурӣ шурӯъ кунанд.

Дар ин бора вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфти вай, маросими гузоштани санги асоси сохтмони панҷ мактаби нав дар ҷумҳурӣ моҳи оянда баргузор хоҳад шуд.

“Лоиҳаи сохтани панҷ мактаб дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ки дар он ҷо таълим тибқи стандартҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад”, – афзудааст Лавров.

Вай инчунин афзуд, ки тибқи нақшаҳо, мактаббачагони тоҷик метавонанд аз моҳи сентябри соли оянда таҳсилро дар ин макотиб оғоз кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф лоиҳаҳои гуногунро амалӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, имрӯз дар Тоҷикистон 50 омӯзгори рус аз 18 минтақа кор мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад