Толибон: ҳимояти Амрико аз ҷабҳаи Панҷшер нақзи тавофуқи Дуҳа аст

Сухангӯи гуруҳи Толибон ҳушдор дод, тадовуми ҳимояти Амрико аз ҷабҳаи Панҷшер, тавофуқи 2020 Дуҳаро аз эътибор хоҳад андохт.

 

Сухангӯи гуруҳи Толибон ҳушдор дод, тадовуми ҳимояти Амрико аз ҷабҳаи Панҷшер, тавофуқи 2020 Дуҳаро аз эътибор хоҳад андохт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Забеҳуллоҳ Муҷоҳид”, сухангӯи гуруҳи Толибон имрӯз сешанбе дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии “1TV”, Афғонистон эълом кард, ки ҳимояти Амрико аз ҷабҳаи Панҷшер ба манзалаи тахаллуф аз тавофуқи сулҳи Дуҳа аст, ки дар феврали 2020 миёни ин гуруҳ ва Вашингтон ҳосил шуда аст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид,  ҳушдор дод, ки бо идомаи ин раванд, тавофуқи Дуҳа пуч ва бе арзиш мешавад.

Бар мабнои ҳамин тавофуқ буд, ки Амрико дар августи 2021, низомиёни худро аз Афғонистон хориҷ кард ва ба 20 сол ишғоли ин кишвар поён дод.

Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳаи Панҷшер мегуяд, хостори низоме аст, ки ба иродаи мардум ва тавассути раванди машрӯъ ва қонунӣ рӯй кор омада бошад.

Пештар низ вай дар паёми савтӣ эълом карда буд, ки муборизаи ин гуруҳи манут ба ҷуғрофиё ё қавми хоссе нест ва ҳадафи аслии ин гуруҳ, истиқлоли Афғонистон аст.

Аҳмад Масъуд, мегуяд: ҳукумати Толибон он тавр ки ваъда дода буд фарогир нест ва илова бар фарохони қиёми умумии алайҳи ин гуруҳ, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоста аст, ки онро ба расмият нашносанд ва дар баробари он биистанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад