Танқиди Тоҷикистон дар нишасти СММ

Ҳукумати Амрико ҳангоми арзёбии гузориши Тоҷикистон ба Созмони Милал СММ дар бораи риояи ҳуқуқи инсон аз набуди пешрафт дар ин самт изҳори нигаронии амиқ кард.

Ҳукумати Амрико ҳангоми арзёбии гузориши Тоҷикистон ба Созмони Милал СММ дар бораи риояи ҳуқуқи инсон аз набуди пешрафт дар ин самт изҳори нигаронии амиқ кард.

Намояндаи Амрико дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид СММ , ки рӯзи 4-уми ноябр онлайн баргузор шуд, гуфт, Тоҷикистон бояд вазъро ислоҳ кунад.

Ӯ афзуд: “Мо аз озори гуногунандешони табъидӣ аз тарафи ҳукумат бо ҳадафи хомӯш кардани танқидҳо аз хориҷ нигарон ҳастем. Мо аз идомаи гузоришҳо дар бораи онки нерӯҳои амниятӣ боздоштшудаҳо ва зиндониёнро шиканҷаву азият мекунанд ва шароити сахту хатарнок барои зиндагӣ дар изтироб ҳастем.”

Дар нишасти мазкур мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, иддаоҳо дар бораи азияту шиканҷа беасос аст.

Нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал СММ 4-уми ноябр баргузор шуд ва дар он ҳамчунин намояндагони кишварҳои дигар ҳукумати Тоҷикистонро барои фишор ба матбуоти мустақил, бастани сомонаҳои хабарӣ, гуногунандешон танқид карданд ва аз ҳукумат хостанд, ин вазъро ислоҳ кунад.

Давлати Тоҷикистон солҳои охир барои таъқиби дигарандешон, бахусус аъзои Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, танқиди зиёд мешунавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Созмони дидбони ҳуқуқи башар – Human Rights Watch аз СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб кардааст, ки аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи вазъи риққатбори ҳуқуқи башар дар ин кишвар пурсанд.

Рӯзи 4-уми ноябр дар дафтари СММ дар Женева ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пешрафташ дар соҳаи ҳимояти ҳуқуқи инсон гузориш медиҳад.

Human Rights Watch дар як даъваташ аз СММ, ки рӯзи 2-юми ноябр нашр шуд, гуфтааст, ки дар ин охирҳо Тоҷикистон бо рад кардани низоми “Толибон” дар Афғонистон дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Мавзӯи мазкур дар мулоқоти рӯбарӯи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Фаронса Эммануэл Макрон дар Париж ва ҳам дар гуфтугӯ бо президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел матраҳ шуд.

Human Rights Watch мегӯяд, “изҳороти расмии онҳо сари масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва нақши Тоҷикистон дар робита бо Афғонистон тамаркуз кард, вале саркӯбҳои бераҳмонаи ҳуқуқҳоро” дар Тоҷикистон нодида гирифт.

Ин созмон мегӯяд, дар ҷараёни даври сеюми арзёбиҳо аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар СММ “имконияти нав пеш омадааст, ки ин бӯҳрон матраҳ шавад”. Дар изҳорот омадааст: “Ин як шонси дигар барои аъзои СММ аст, ки ба мақомоти тоҷик рӯшан кунанд, ки бӯҳрони Афғонистон наметавонад барои нодида гирифтани вазъи даҳшатноки ҳуқуқ дар ин кишвар баҳона шавад”.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад