Охарин раванди гуфтугӯҳои марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон, Жээнбек Кулубоев, раванди гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон шарҳ дод.

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон, Жээнбек Кулубоев, раванди гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон шарҳ дод.

Тибқи иттилоъи манбаъ, Кулубоев дар суҳбат бо расона гуфтааст, “гуруҳҳои кории топографии ду кишвар дар мавриди таъйин ва нишонагузории марзҳои давлатӣ моҳе ду бор мулоқот мекунанд. баъди ба поён расидани кори гуруҳҳо, гуфтугӯҳо дар сатҳи раҳбарони давлатҳо идома хоҳад кард.»

Кулубоев афзудааст, «Мо мехоҳем манфиатҳои ҳар ду кишвар ба инобат гирифта шаванд. Ҳеч тарафе набояд бибозад. Бигзор, коршиносони ду кишвар баррасӣ кунанд ва вақте онҳо ба созиш расиданд, гуфтугӯҳо дар сатҳи байниҳукуматӣ оғоз мешаванд. Раҳбарони минтақаҳои марзӣ низ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар сатҳи худ кор мекунанд. Ин муҳим аст. Мо дар Бишкек ё Душанбе нишаста, намедонем, ки дар онҷо чӣ гап аст. Сокинони маҳаллӣ хубтар медонанд. Вазифаи давлат ҳам ташкили шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон аст. Бинобар ин, ҳоло ҳамаи ниҳодҳои марбут ба марзҳои давлатӣ фаъолона кор мекунанд. Мо пешравиро мунтазир ҳастем».

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 980 километр буда, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез мондаанд. Аз ин сабаб зуд зуд байни сокинон ва низомиёни ду кишвар низоъҳо, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ ба амал меоянд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон тахмин кардааст, ки як роҳи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон “даст кашидани ду тараф аз қаламравҳои даъвоӣ” буда метавонад.

Руслан Қазоқбоев ин фарзияро дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости баён кард.

Мусоҳибаи ихтисосии Руслан Қазоқбоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, бо хабаргузории давлатии русӣ 24-уми август нашр шуд. Қисми калони мусоҳиба ба вазъи Афғонистон ва мавзеъгирии Бишкек дар робита бо таҳаввулоти сиёсии ин кишвар рабт дорад.

Мавзуъи дигаре, ки дар ин мусоҳиба матраҳ шудааст, ҷараёни музокироти байнидавлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи таъину нишонагузории сарҳад аст. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марз доранд ва тақрибан ниме аз он баҳсӣ аст ва ҳар чанд вақт сабаби ҷанҷоли сокинон ва нирӯҳои низомии ду кишвар мешавад.

Ҳодисаҳои хунини охири моҳи апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ баҷо гузошт ва равобити байни ду кишварро ба нуқтаи баландтарини сардӣ ва нобоварӣ расонд.

Руслан Қазоқбоев дар суҳбати рӯзи сешанбе гуфтааст, бо вуҷуди кӯшишҳо барои анҷоми таъину нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, суҳбат кардан дар бораи поёни баҳсҳо барвақт аст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз роҳи ҳалҳо метавонад, қарори муштарак дар бораи “аз қаламравҳои баҳсӣ даст кашидани ҳарду тараф ва ҷустуҷӯи муомилаҳои нав” бошад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст. Ҷониби Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, дар баҳси марзӣ шитоб набояд кард ва аъзои Кумисюни байнидавлатӣ корро пеш мебаранд.

Тавре ҳодисаҳои се даҳаи охир нишон дод, баҳсу даъвоҳои марзӣ, яъне гуфтани ин ки “обанбор аз ман асту чарогоҳ аз Шумо, биёед, бо ин вазъият розӣ шавед”, ба яке аз ҳассостарин масоил аз назари манфиатҳои милливу эҳсоси ватандӯстии мардум дар тарафи ду марз табдил шудааст.

Аз сӯи дигар, низои маргбори марзӣ дар рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол нишон дод, ки то чӣ андоза даъво ба сари як қитъаи марзӣ метавонад, ба осонӣ дастхуши бозиҳои сиёсатмадорони популист ва дар натиҷа, фоҷиаҳои инсонӣ шавад.

Изҳори назарҳои ҷониби Қирғизистон дар шароите садо медиҳад, ки таваҷҷуҳи Тоҷикистон, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва аслан аксар қаламравҳои Ғарбу Аврупо ба сӯи Афғонистон аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад