Умеди Аҳмад Масъуд ба пуштибонии Русия

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд умедвор аст, ки Русия ба онҳо дасти кумак дароз мекунад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд умедвор аст, ки Русия ба онҳо дасти кумак дароз мекунад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ феълан барои аз сар гирифтани амалиёти ҷангӣ бо “Толибон”* дар ҳолати омодабош қарор дорад.

Дар ин бора рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо мухбири ТАСС муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ иттилоъ додааст.

Муовини собиқи волии Панҷшер афзуд :

“Ҷангҷӯёни “Толибон”* воқеан идораҳои давлатии Панҷшер ва роҳҳои вилоятро таҳти назорат доранд, аммо дар баландкӯҳҳо ва дигар манотиқи ҷудогонаи дараи Панҷшер воҳидҳои муқовиматгарон ташкил карда мешаванд, ки дар ояндаи наздик муборизаро алайҳи гурӯҳи террористии “Толибон”* аз сар хоҳанд гирифт”.

Дар идома, ӯ изҳор дошт, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба дастгирии Русия умедвор аст.

Кабир Восиқ изҳор дошт, ки :

“Шубҳае нест, ки гурӯҳи террористии “Толибон”* барои тамоми кишварҳо, бахусус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Аммо Русия, ки дар минтақа ва дар маҷмуъ дар ҷаҳон нуфузи ҷиддие дорад, қодир аст, мардуми Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовиматро дар мубориза лайҳи “Толибон”* дастгирӣ кунад”.

Ба ақидаи ӯ, эътироф накардани ҳукумати муваққати Афғонистон аз ҷониби Русия худ як кумакест ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.

Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати “Толибон”*-ро феълан ягон кишвар ба расмият қабул накардааст.

Чанде пеш зимни як нишаст дар Эрон вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Тоҷикистон нияти эътирофи ҳукумати Кобулро надорад.

Муҳриддин дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Эрон гуфта буд, ки :

“Тоҷикон бояд дар ҳайати ҳукумати нав ҷой гиранд, зеро онҳо 46 дарсади ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд”.

Вазир аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба авзоъ дар Афғонистон метавонад боиси ҷанги нави шаҳрвандӣ шавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Собиқ муовини волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ мегӯяд, Аҳмад Масъуд раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ феълан саъй дорад, ки дар муқобила бо ҷангиёни “Толибон”* аз кишварҳои мухталиф кумак дарёфт кунад.

Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд алъон дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин бора рӯзи душанбе, муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Вай афзудааст, ки :

“Аҳмад Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳ-гоҳ ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот мегузаронад”.

Ба гуфтаи вай, Масъуд дар ҳоли ҳозир саъй дорад, ки дар муқовимат бо ҷангиёни “Толибон”* аз кишварҳои мухталиф кумак дарёфт кунад.

“Масъуд мехоҳад кишварҳои минтақа ва кулли ҷомеъаи байналмилалиро ба зарурати мубориза бо “Толибон”* мутақоид созад. Ӯ ба кишварҳои мухталиф сафар мекунад, то таваҷҷӯҳ ба Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро ҷалб кунад”, илова намуд собиқ волии Панҷшер.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад