Сафири Тоҷикистон фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳуқуқи онҳоро баррасӣ кард

Сафири Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба Чувашистони Русия сафар кард.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти сафорати Душанбе дар Маскав, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба Чувашистони Русия сафар кардааст.

Манбаъ қайд кардааст, зимни мулоқоти сатҳи баланди ҳайати Тоҷикистон бо роҳбари Чувашистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар меҳвари мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи онҳо, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ба Чувашистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбари Чувашистон, тарафҳо қайд кардаанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар Чувашистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Чувашистон дар самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ кор ва фаъолият менамоянд.

Зикр гардидааст, ки Чувашистон барои интиқоли қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба таври муташакилона сафарбар гардидан, изҳори омодагӣ намуданд.

Инчунин манбаъ илова кардааст, ки дар идомаи сафар ҳайати дипломатии Тоҷикистон аз корхонаҳои истеҳсолии Чувашистон дидан кард.

Қайда карда мешавад, ки 2-юми август Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси вилояти Хатлон, сафири Тоҷикистон дар Русия таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Имомуддин Сатториро иваз кард. Дар Фармони Президенти Тоҷикистон барканории Имомуддин Сатторӣ “гузаштан ба вазифаи дигар” унвон шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад