Таҷовузоти Исроил дар Масҷидулақсо таҳдиде барои амнияти ҷаҳон аст

Ҳайати Урдун дар Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеъаи ҷаҳониро ба талош барои таваққуфи таҷовузоти режими палиди саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо фарохонд.

 

Ҳайати Урдун дар Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеъаи ҷаҳониро ба талош барои таваққуфи таҷовузоти режими палиди саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо фарохонд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳайати Урдун дар Созмони Милали Муттаҳид, дар баёнияе таъкид кард, ки истимрори таҷовузоти Исроил дар Масҷидулақсо таҳдиде барои амният ва сулҳи ҷаҳонӣ аст.

Ҳайати мазкӯр, дар ҷаласаи баҳси озоди Созмони Милал дар бораи ғарби Осё аз ҷумла масаълаи Фаластин, бар зарурати иқдоми шӯрои амният барои таваққуфи таҷовузоти Исроил дар Қудси ишғолӣ таъкид кард.

Дар ин баёния омада аст: «иқдомоти нерӯҳои ишғолгар, ҳамлаҳои шаҳрак нишинон ба Масҷидулақсо, коршиканӣ дар баробари анҷоми маъмуриятҳои идораи авқофи Қудс ва умӯри Масҷидулақсо ва талош барои таҳмили воқеияти ҷадид, мавориде аз нақзи таъаҳҳудоти Исроил ба унвони режим ишғолгар аст ва шӯрои амният бояд ба масъӯлияти худ барои таваққуфи ин таҷовузот ва мулзам кардан ин режими ҷинояткор ба эҳтиром ба қатъномаҳҳои шӯро дар ин хусус аз ҷумла қатъномаи шумораи 478 марбут ба соли 1980 амал кунад».

Ба навиштаи рӯзномаи “Раъюл Явм”, дар ин баёния ҳамчунин таъкид шуда аст, ки Масҷидулақсо бо масоҳати болиғ бар 144 ҳазор метри мураббаъ ба таври комил маконе барои ибодати мусулмонон аст ва идораи авқофи Қудс ва умури Масҷидулақсои Урдун танҳо ниҳоди ҳуқуқӣ аст, ки ихтиёри идораи умури ин ҳарами муқаддасро дорад.

Ҳайати Урдун дар Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин бар зарурати талош барои барқарории оташ бас дар навори Ғазза ба манзури таҳаққуқи оташбаси фарогир ва пойдор, талош барои бозсозии навори Ғазза ва ҳимоят аз тавсеаи арозии Фаластин таъкид кард.

Ҳайати мазкӯр ҳамчунин, ҷомеъаи ҷаҳониро ба талош барои коҳиши буҳрони инсонӣ дар навори Ғазза аз тариқи мушорикат дар бозсозӣ ва эъмоли фишор бар режими ҷинояткор ва палиди Исроил, барои поён додан ба муҳосираи ғайриқонунии Ғазза фарохонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад