Афзоиши шумораи занони муҳоҷир дар Русия

Вақтҳои охир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар занон ба Русия сафар мекунанд ва ин сабаби афзоиши шумораи занони муҳоҷир дар ин кишвар шудааст.

Хабаргузории URA.RU бо истинод ба конфронси байналмилалии “Чеҳраи занонаи муҳоҷират” хабар медиҳад, ки дар Русия тамоилҳои нав дар байни муҳоҷирон мушоҳида шудааст; на танҳо мардон, балки теъдоди занони муҳоҷир ҳам афзоиши чашмрасе пайдо кардааст.

Бар асоси додаҳои омории Федератсия Русия, занон асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ озими Русия мешаванд.

Дар паём омадааст: “То 50%-и онҳое, ки аз Қирғизистон ба Русия ворид мешаванд, занонанд. Ва ҳиссаи занони тоҷик ё туркман, ки ба Русия ворид мешаванд, ҳадди ақал 10% аз муҳоҷирони ин кишварҳоро ташкил медиҳад”.

Коршиносони ин соҳа тамоюли навро ба таври сода шарҳ медиҳанд.

Агар қаблан занони муҳоҷир ба сифати аъзои оила ба Русия меомаданд ва қариб кор намекарданд, пас имсол тамоюли иштироки фаъолонаи онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ мушоҳида мешавад.

Аслан занони муҳоҷир ба ҳайси фурӯшанда, фаррош ва тамизкор фаъолият мекунанд. Илова бар ин онҳо метавонанд ба осонӣ дар ҷойҳое, ки қувваи ҷисмонӣ на он қадар муҳим аст, мардонро иваз кунанд. Масалан, ҳамчун хаткашон ё дар истеҳсолот кор карда, бомуваффақият ба ин раванд ворид мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки пештар дар Маскав миёни муҳоҷирон озмуни зебоии “Мисс Федератсияи муҳоҷирони Русия – 2021”-ро баргузор карданд. Се зодаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Баранда Рӯшана Каримоваи 25-сола аз Узбекистон буд ва зодаи Тоҷикистон Нуринисо Абдулмаинова ҷоизаи тамошобинонро гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад