Миллати Фаластин якпорча аз “Қудс” ва “Масҷидулақсо” дифоъ мекунад

Раиси дафтари сиёсии ҷумбиш "Ҳамос", дар тамоси телефонӣ бо "Акрама Сабрӣ" хатиби "Масҷидулақсо" гуфт: миллати Фаластин якпорча аз Қудс ва Масҷидулақсо дифоъ мекунад.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, “Исмоил Ҳния”, раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Ҳамос бо шайх “Акрама Сабрӣ” хатиби Масҷидулақсо ба сурати телефонӣ гуфтугӯ кард.

Бар асоси ин гузориш, Ҳания дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни маҳкум кардани ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба манзили шайхи “Акрама Сабрӣ” ва бозҷӯи 6 соата аз вай, ин иқдомро таъарруз ба яке аз уламо ва шахсиятҳои барҷастаи фаластинӣ дар Қудс ва яке аз мудофеъони барҷастаи Масҷидулақсо донист.

Вай зимни эъломи ҳамбастагӣ бо шайх “Акрама Сабрӣ”  ва дигар уламои фаластинӣ дар Қудс ва сокинони ин шаҳр, таъкид кард, ки миллати Фаластин якпорча аз Қудс ва  Масҷидулақсо ва уламои исломӣ дар ин шаҳр ва низ аз ҳувияти исломии он дифоъ хоҳад кард.

Исмоил Ҳания, дар идома изҳор дошт, ки ҷумбиши Ҳамос дар гуфтугӯ бо масъӯлони мисрӣ дар мавриди Қудс, аз онҳо хоста аст то барои таваққуфи таҷовузоти душмани саҳюнистӣ алайҳи Қудс ва Масҷидулақсо мудохила кунанд.

Раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳамчунин дар ин тамоси телефонӣ, нисбат ба ташдиди танишҳо ва аз саргирии даргириҳо дар арозии ишғолӣ дар сӯрати идомаи таҷовузоти ишғолгарони саҳюнист ҳушдор дод.

Пештар раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Ҳамос дар суханонӣ аз сиёсатҳои “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури Амрико ва “Нафтали Беннет”, нахуст вазири режими саҳюнистӣ дар қиболи Фаластин ба шиддат интиқод карда буд.

Раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Ҳамос дар ин замина тасреҳ кард: воқеият ин аст, ки ҳеҷ чиз наметавонад сиёсатҳои Байден ва Беннет, дар қиболи Фаластинро дастхуши тағйир созад.

Ин мақоми фаластинӣ дар идома унвон кард: Ҷо Байден ва Нафтали Беннет, асосан ҳеҷ роҳкореро барои ҳалу фасли мавзӯъи Фаластин намепазиранд. Кабинаи эътилофии режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба сиёсати ишғол, ғасби арозӣ ва нақзи ҳуқуқи Фаластиниён идома медиҳад.

Исмоил Ҳания, ҳамчунин изҳор дошт: аз онҷое ки манофеъ ва масолеҳи Амрико ва режими саҳюнистӣ иртиботи танготанге бо якдигар дорад, бинобар ин мавозиъи онҳо дар қиболи Фаластин тағйир нахоҳад кард. Дар ин миён, одисозӣ равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ мояи таъассуф мо аст.

Ҳания, унвон кард: бархе кишварҳои арабӣ бар ин бовар ҳастанд, ки машрӯъияташон нашъат гирифта аз иртиботи онҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Ба ҳамин далел аст, ки онҳо ба хостаи Амрико барои барқарории равобит бо режими саҳюнистӣ тан медиҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад