Эҳтимоли тамдиди муҳлати қонунигардонии ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирон

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст, ки шумори дақиқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ маълум нест ва бояд аз муҳоҷироне, ки қонунӣ фаъолият мекунанд ҳимоят шавад.

Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, барои он ки муҳоҷирон дар Русия ба таври қонунӣ кору фаъолият намоянд, ба онҳо кумак кардан лозим аст.

Вазорати корҳои дохилаи Русия қайд кард аст, ки шумори дақиқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия маълум нест.

Владимир Овчинский, мушовири вазири корҳои дохилӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Красная Весна” гуфтааст, ба таври миёна шумораи умумии муҳоҷирон дар Русия аз 1,5 то 2,5 миллион гуфта мешавад.

Вай афзуд, шумораи воқеии хориҷиён дар Русия метавонад беш аз 10 миллион нафар бошад.

Муҳдуд будани муҳлат – як чораи зарурист, ки бояд ба “раванди қонунигардонии муҳоҷирон суръат мебахшид”.

Овчинский гуфт: “Шумори зиёди онҳо қонунӣ карда шуданд. Ҳоло аз онҳо изи ангушт мегиранд, сабтҳои электронӣ мегузоранд. Албатта, на ҳамаи онҳо то 30 сентябр тавонистанд ҳузури худро расмӣ кунанд. Агар нафароне, ки дар навбат меистанд, пинҳон намешаванд, пас бояд ба онҳо кумак ва ихроҷи онҳоро муваққатан қатъ кард”.

Мушовири вазири корҳои дохилии Русия зикр кард, ки аз як миллион муҳоҷир як фоизи онҳое, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ё ҳатто бо терроризм гумонбар дониста мешаванд, барои эҷоди мушкилоти ҷиддӣ дар кишвар кофӣ аст. Аз ин рӯ, расмикунонии хориҷиён дар Русия бисёр муҳим аст.

Бар асоси тасмими Вазорати корҳои дохилии Русия, ки бо мақсади ба ватан баргардонидани хориҷиёну муҳоҷирон, шӯъба бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ, ҳамоҳангсозии парвозҳои содиротӣ ва барои убур кардани чунин шаҳрвандон аз марзҳои давлатӣ кор мебарад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 фармони президенти Русия Владимир Путин ба иҷро даромад, ки ба ҳама шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дод, ки муваққатан дар қаламрави кишвар иқомат ва кор кунанд.

Пас аз он, ба ҳамаи хориҷиён, ки дар Федератсияи Русия дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор доштанд, имконият дода шуд, ки то 15 июни соли 2021 вазъи ҳуқуқии худро ҳал кунанд. Сипас ин муҳлат тамдид шуд ва аввали ҳамин моҳ ба поён расид ва ҳоло дар раванди иҷроӣ мушкилҳо пайдо шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад