Толибон ба Тоҷикистон: Дар умури Афғонистон дахолат накунед!

Гуруҳи Толибон ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар умури Афғонистон дахолат накунад.

Ба нақл аз РИА Новости, Абдул Ғанӣ Бародар , иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳукумати аз ҷониби ҳаракати Толибон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии кишвар дахолат мекунад.

Толибон зикр кардаанд, ки 1000 ҷангиёни неруҳои таъиноти махсусро ба вилояти Тахор дар наздикии марз бо Тоҷикистон фиристодаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи Толибон дар Твиттер навишааст: “Даҳҳо воҳидҳои махсуси Амороти исломӣ ва даҳҳо ҳазор хизматчиёни неруҳои таъиноти махсус дар Тахор ҷойгир карда шуданд”.

Ба гуфтаи намояндаи Толибон, ин тадбир баҳри бартараф намудани таҳдидҳои амният рӯйи даст гирифта шудааст.

Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон гуфтааст: “Мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ба умури дохилии мо дахолат накунад. Мо мехоҳем бо онҳо муносибатҳои хуб дошта бошем, аммо дахолати як кишвар ба корҳои дохилии ҳамсояаш наметавонад ба манфиати касе хидмат кунад … Барои ҳар амал аксуламал пайдо мешавад”.

Намояндаи ҳаракат изҳор доштааст, ки Афғонистон мехоҳад бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона барқарор кунад, аммо дахолати як тараф ба умури дохилии ҳамсояи худ наметавонад ба таҳкими равобит хизмат кунад.

Хабаргузории Regnum ҳам менависад, ки ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳукумати нави Афғонистон ба таҳкими муносибатҳо бо Пекин умедвор аст.

Ҳанафӣ гуфтааст: “Умедворем, ки Чин ҳамчун ҳамсояи мо ва узви доимии Шӯрои амнияти СММ дар Афғонистони нав нақши мусбат ва муҳим хоҳад бозид”.

Ҳанафӣ инчунин аз сармоягузорони саросари ҷаҳон даъват кардааст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои худ дар Афғонистон шурӯъ кунанд ва илова намудааст, ки ҳадафи Толибон бунёди муносибатҳо, дар асоси эътимоди мутақобила бо тамоми ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла бо Амрико аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад