Додгоҳи Русия Баракатуллоҳ Ғозиевро озод кард

Додгоҳи Русия писари Саидқиёмиддини Ғозӣ, як рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро озод кардааст.Баракатуллоҳ Ғозиеви 35-сола моҳи августи имсол бо талаби Тоҷикистон дар шаҳри Қазон дастгир шуд.

Додгоҳи Русия писари Саидқиёмиддини Ғозӣ, як рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро озод кардааст.

Баракатуллоҳ Ғозиеви 35-сола моҳи августи имсол бо талаби Тоҷикистон дар шаҳри Қазон дастгир шуд.

Хешовандони Баракатуллоҳ 22-юми сентябр гуфтанд, азбаски мақомоти Тоҷикистон бар асоси муқаррароти Русия дар муддати 40 рӯз дархости истирдодро нафиристоданд, ӯро аз боздошт раҳо кардаанд. Пештар онҳо аз имкони фиристода шудани ӯ ба Тоҷикистон ва эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш нигарон буданд.

Мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар қазияи Баракатуллоҳ Ғозиев маълум нест. Кӯшишҳо барои тамос бо намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа то ин дам бенатиҷа буда аст.

Як манбаъ дар Додситонии кул бе зикри ном гуфт, “мақомот танҳо дар як ҳолат шахси мавриди ҷустуҷӯро суроғ намекунанд, агар қарори додгоҳ дар бораи кофтукоб ва ба ҳабс гирифтани ӯ бекор шуда бошад.” Аммо мусоҳиби мо нагуфт, ки оё қарори ҷустуҷӯ ва ҳабси Баракатуллоҳ Ғозиев дар Тоҷикистон бекор шудааст ё не.

Ӯро мақомоти Тоҷикистон ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ муттаҳам карда, дар ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ қарор дода буданд. Мақомот ҳамчунин Баракатулло Ғозиевро ба хиёнат ба ватан муттаҳам карда, гуфта буданд, ӯ гуё дар шабакаи Инстаграм “ақидаҳои мазҳаби шиаро тарғиб мекард”.

Пештар ду бародари Баракатуллоҳ Ғозиев бо гуноҳи тундгароӣ ва хиёнат ба давлат дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуда, ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Ӯ дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Чанди пеш дар хабарҳо омада буд :

Додгоҳе дар шаҳри Қазон, маркази Тотористони Русия, Баракатуллоҳ Ғозиевро, чиҳил шабонарӯз ба ҳабс маҳкум карда буд.

Мақомоти Додгоҳи ноҳияи Совет дар қароре аз 15-уми августи имсол гуфтаанд, боздошти Баракатуллоҳ бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт. Пайвандонаш аз “эҳтимоли истирдоди ӯ ба Душанбе ва шиканҷа шуданаш” нигарон буданд.

Бино ба моддаи аввал ба ӯ аз ду то панҷ сол ва бар асоси моддаи дувум аз дувоздаҳ то бист сол зиндон таҳдид мекард.

Ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазон, Баракатуллоҳ Ғозиев як сол боз таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад