Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ меҳвари дидори Раҳмону Пашинян

Гуфтугӯи сарони Тоҷикистону Арманистон танҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ марбут буд.

Гуфтугӯи сарони Тоҷикистону Арманистон танҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ марбут буд.
Дафтари матбуоти президент хабар медиҳад, ки дар арафаи нишасти СААД президенти Тоҷикистон бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфтушунид кард.
Ба нақл аз Ховар, дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва ба вижа рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Пашинян робитаҳои деринаи Тоҷикистону Арманистонро омили муҳими рушди пайдарпайи муносибатҳои ду кишвар номиданд.
Манбаъ афзудааст: “Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва фарҳанг, муҳокима карданд”.
Барои мусоидат ба рушду ҳамкориҳои иқтисодӣ ва пешрафти робитаҳои ҳамкории дуҷониба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дар ин замина баргузор намудани форумҳои тиҷоратӣ, зарур шумурдаанд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ барои ҳар ду ҷониб судманд табодули афкор сурат гирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки нишасти СААД дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор дар ҳоли баргузорӣ аст ва расман оғоз ёфтааст.
Ба нақл аз Спутник, дар ҷаласаи СПАД шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Беларус Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СПАД Станислав Зас ҳузур доранд.
Президенти Русия Владимир Путин дар ин нишаст тариқи ондайнӣ пайваст шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад