Хизешҳои мардумӣ ва ақибнишинии Толибон дар Бағлон

Даргирӣ миёни Толибон ва хезишҳои мардумӣ дар вилояти Бағлон аз сар гирифта шудааст.

Даргирӣ миёни Толибон ва хезишҳои мардумӣ дар вилояти Бағлон аз сар гирифта шудааст.

Бар асоси гузориши ТАСС, неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба ҷангиёни Толибон дар вилояти Бағлон зарба задаанд.

Ба иттилои манбаъ, даргирӣ миёни неруҳои ҷабҳа ва ҷангиёни Толибон рӯзи якшанбеи 12 сентябр рух додаанд.

ТАСС аз қавли манбааш навиштааст: “Субҳи имрӯз дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароб задухӯрд сурат гирифта, Толибон* бо талафот маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд”.

Назари Толибон феълан дар мавриди ин хабар маълум нест.

Бағлон вилояти ҳаммарз бо Панҷшер мебошад, ки қаблан низ неруҳои мардумӣ дар он Толибонро водор ба ақибнишинӣ карда буданд.

Аз ҷумла охири моҳи август дар пайи хезиши мардумӣ вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди Толибон* бозпас гирифта шуда буданд, аммо ин созмон бо равон кардани неруҳои бештар ин минтақаро дубора ғасб кард.

Неруҳои Чабҳаи миллии муқовимати миллии Афғонистон мегӯянд, хатти дифоии онҳо дар Панҷшер бо ҷалби ҳавопаймоҳо ва неруҳои махсуси Покистон шикаста шуд ва бинобар ин тасмим гирифтаанд, ки ба ҷангҳои чирикӣ гузаранд. Неруҳои муқовимат мегӯянд, муборизаро барои озодию адолат ва ташкили як давлати муътадили исломӣ бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақшору ақвоми Афғонистон, идома медиҳанд ва ҳукумати эълонкардаи Толибонро қабул надоранд ва Афғонистони бидуни Толибонро талаб доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад