Фуруди чандин мушак дар атрофи фурудгоҳи Кобул+Видео

Дар идомаи нооромиҳои Кобул, субҳи имрӯз чанд мушак ба наздикии фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзай фуруд омад.

Ба Гуфтаи мақомоти амрикоӣ ин шилликҳо ба атрофи фурудгоҳи Кобул ҷони касеро нагирифта аст.

Субҳи имрӯз чанд мушак, ки дар як мошин махфӣ шуда буд ба самти фурудгоҳи Кобул шиллик шуд.

Оморе аз теъдоди дақиқи мушакҳо маълум нест, аммо мардуми маҳаллӣ мегӯянд, аз болои фурудгоҳ шиллик шудааст.

То ҳол талафоти ин ҳодиса ва маҳалли дақиқи мушакҳо маълум нест.

Рӯзи гузашта ҳам як мушак аз самти номаълум шиллик шуда дар боми як хона фуруд омад, ки 11 узви як хонавода аз ҷумла кудакон кушта шуданд.

Айни замон касе масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда нагирифтааст.

Як мақоми амрикоӣ ба Ройтерз гуфт, 5 мушак ба самти фурудгоҳ шиллик ва тавассути систеаи дифоии фурудгоҳ дифоъ шудааст.

Мумкин аст дар сооти оянда иттилооти дақиқтар нашр шавад.

60 кушта ва 1338 захмӣ дар таркиши бузурги Кобул

РИА Новости бо такя ба манобеаш навиштааст, ки теъдоди умумии ҷабрдидагони инфиҷорҳои охир дар Кобул 1 ҳазору 338 нафар ташкил додаст.

Ин расона теъдоди кушташудагонро 60 нафар гуфтааст. Қаблан нашрияи амрикоии Wall Street Journal хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои оҳзири террористӣ дар Кобул 90 шаҳрванди Афғонистон ва инчунин 13 сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Пентагон ҳалокати 13 сарбозашро тасдиқ кард.

Дар ҳамин ҳол намояндаи Толибон мегӯяд, миёни кушташудагон дар Кобул ҳадди ақал 28 нафар узви ин гуруҳ буданд, хабар додааст хабаргузории Рейтер.

Шоми 26 август сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ду инфиҷор ҳангоми намози шом ва ду инфиҷори дигар миёни соатҳои 10 то 11 – у 30 дақиқаи шаб ба вақти Кобул рух дод.

Расонаҳои ғарбӣ менависанд, ду ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар пайи он низомиёни амрикоӣ таркишҳои назоратшавандаро анҷом додаанд. Қаблан низомиёни ИМА гуфтанд, эҳтимол силоҳи монда дар Кобулро нобуд созанд.

Ҳамла ба фурудгоҳи Кобулро шохаи “Хуросон” – и гуруҳи ДОИШ* (гуруҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) ба зимма гирифт.

Ин гуруҳ рӯзи сешанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон эълон карда буд, ки ба фурудгоҳи Кобул ҳамла хоҳад бурд. Иддае ҳам бар инанд, ки ин кори худи гуруҳи Толибон аст, ки ба хотири тарсонидани мардуми ҷамъшуда ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул роҳандозӣ шудааст.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА дастур додаст, ки гунаҳкори ҳамлаҳои террористӣ муайяну ҳадафи зарба қарор дода шаванд.

Қайд карда мешавад, ки ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад